https://sputnik.tj/20210602/irodai-eronu-tojikiston-gustarish-hamkori-1039901545.html
Раҳмонии Фазлӣ: иродаи Эрону Тоҷикистон бар густариши ҳамкорӣ аст
Раҳмонии Фазлӣ: иродаи Эрону Тоҷикистон бар густариши ҳамкорӣ аст
Sputnik Тоҷикистон
Вазири кишвари Эрон дар дидор бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъкид кард, иродаи ду миллат ва ду кишвар бар густариши ҳамкорӣ аст
2021-06-02T09:35+0500
2021-06-02T09:35+0500
2021-06-10T13:43+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
вкд
эрон
рамазон раҳимзода
ҳамкорӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102469/50/1024695063_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_74db16f79fd510eb6c334e88cabf49cc.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Эрон дар ҳошияи нишасти муштарак бо Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, талоши ҳар ду кишвар бар ин аст, ки зарфиятҳои ҳамгароӣ ва ҳамкорӣ дар сутӯҳи мухталиф тақвият шавад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей". Вазири кишвари Эрон, ҳамчунин бо ишора ба зарфияти ҳамкориҳои амниятии ду кишвар гуфт, тафоҳумномаи амниятии хубе миёни ду кишвар имзо шуда ва дар ин росто барои ҳамкорӣ дар бахши полиси Эрону Тоҷикистон дар ҳавзаҳои мубориза бо маводи мухаддир, ҷурмҳои созмонёфта, омӯзиш, табодули устод ва донишҷӯи кор хоҳем кард.Раҳмонии Фазлӣ ҳамчунин гуфт, забони форсӣ забони муштараки Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон аст ва ин се кишвар метавонанд як мусаллас (сегона)-и ҳамкории фарҳангӣ дар минтақа эҷод кунанд.Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ гуфт, санадҳои ҳамкории хеле хубе миёни ду кишвар ба имзо расидааст ва бояд аз ин зарфият барои густариши ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ истифода шавад.Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон афзуд, ба дунболи баррасии тамоми роҳҳо ва гузинаҳои мавҷуд дар густариши равобити иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон ҳастем ва умед дорем, ки бо меҳвар қарор додани фарҳанги муштараки ду кишвар ба хусуси забон форсӣ, дӯстии ду кишвар тақвият ва таҳким шавад.Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ахиран барои дидору машварат бо мақомоти Эрон вориди Теҳрон шуд.
https://sputnik.tj/20210601/rahimzoda-iron-amniyat-terrorizmu-ifrotgaroi-barrasi-1039889718.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102469/50/1024695063_205:0:2872:2000_1920x0_80_0_0_2e50974c632d19eb7d281536e7b7fdc1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, мулоқот, рамазон раҳимзода, ҳамкорӣ, густариш
тоҷикистон, эрон, мулоқот, рамазон раҳимзода, ҳамкорӣ, густариш
Раҳмонии Фазлӣ: иродаи Эрону Тоҷикистон бар густариши ҳамкорӣ аст
09:35 02.06.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Вазири кишвари Эрон дар дидор бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъкид кард, иродаи ду миллат ва ду кишвар бар густариши ҳамкорӣ аст
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Эрон дар ҳошияи нишасти муштарак бо Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, талоши ҳар ду кишвар бар ин аст, ки зарфиятҳои ҳамгароӣ ва ҳамкорӣ дар сутӯҳи мухталиф тақвият шавад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".
Вазири кишвари Эрон, ҳамчунин бо ишора ба зарфияти ҳамкориҳои амниятии ду кишвар гуфт, тафоҳумномаи амниятии хубе миёни ду кишвар имзо шуда ва дар ин росто барои ҳамкорӣ дар бахши полиси Эрону Тоҷикистон дар ҳавзаҳои мубориза бо маводи мухаддир, ҷурмҳои созмонёфта, омӯзиш, табодули устод ва донишҷӯи кор хоҳем кард.
Раҳмонии Фазлӣ ҳамчунин гуфт, забони форсӣ забони муштараки Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон аст ва ин се кишвар метавонанд як мусаллас (сегона)-и ҳамкории фарҳангӣ дар минтақа эҷод кунанд.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ гуфт, санадҳои ҳамкории хеле хубе миёни ду кишвар ба имзо расидааст ва бояд аз ин зарфият барои густариши ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ истифода шавад.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон афзуд, ба дунболи баррасии тамоми роҳҳо ва гузинаҳои мавҷуд дар густариши равобити иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон ҳастем ва умед дорем, ки бо меҳвар қарор додани фарҳанги муштараки ду кишвар ба хусуси забон форсӣ, дӯстии ду кишвар тақвият ва таҳким шавад.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ахиран барои дидору машварат бо мақомоти Эрон вориди Теҳрон шуд.