https://sputnik.tj/20210531/surudhonii-nekruz-niyozov-bo-daler-nazarov-1039850420.html
Сурудхонии Некрӯз Ниёзов бо падараш ва Далер Назаров: "орзуям амалӣ шуд" - видео
Сурудхонии Некрӯз Ниёзов бо падараш ва Далер Назаров: "орзуям амалӣ шуд" - видео
Sputnik Тоҷикистон
Некрӯз Ниёзов овозхони ҷавони тоҷик ахиран дар шаҳри Душанбе консерти яккаи худро баргузор кард ва бо маэстро Далер назаров суруд хонд
2021-05-31T11:42+0500
2021-05-31T11:42+0500
2021-05-31T13:28+0500
фарҳанг
далер назаров
хушбахт ниёзов
ҳунарнамоӣ
tajikistan style
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102681/23/1026812371_0:135:1080:743_1920x0_80_0_0_3d476891c21622fc6686dcff5874dc68.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Сарояндаи ҷавони тоҷик Некрӯз Ниёзов, ки бештар бо бозхонии сурудҳои шодравон Муборакшо шӯҳрат дорад, бо падараш Саидшо Ниёзов ва ҳунарманди барҷастаи тоҷик Далер Назаров суруд хонд.Нахустин консерти Некрӯз Ниёзов рӯзи 30 май дар "Амфитеатр" баргузор шуд. Аз наворҳои нашршуда дар саҳифаи сароянда бармеояд, ки ҳунарнамоии сарояндаи ҷавонро мухлисон хуш қабул кардаанд.Вале ҳузури маэстро Далер Назаров ба ин консерт ранги дигар бахшид. Замони ба саҳна баромадани Далер Назаров аз толор садои кафкӯбиҳо баланд шуд. Ӯ ҳамроҳи Некрӯз Ниёзов суруди "Духтари деҳқон" - ро иҷро кард.Ҳамчунин Некрӯз Ниёзов дар ин консерташ ҳамроҳи падараш - Саидшо Ниёзовв, ки ӯ низ сароянда мебошад суруд хондааст.Онҳо ҳамроҳ суруди "Ай нури Худо" - ро иҷро кардаанд.Бояд гуфт, ки волидони Некрӯз Ниёзов солҳост, ки аз ҳам ҷудоянд ва дар роҳи ҳунар ба Некрӯз бештар амакаш навозандаи машҳури Тоҷикистон Хушбахт Ниёзов кумак мекунад.Некрӯз Ниёзов студияи худро дорад ва ҳатто барои сурудҳои сиртораҳои эстрадаи тоҷик аз ҷумла Нигина Амонқулова ва Шабнами Сураёро танзим мекунад.Рубобнавози тоҷик ба консерт дар ИМА омодагӣ мебинад
https://sputnik.tj/20200310/Nekrz-Niyozov-saroyanda-javon-Nigina-va-Shabnam-1030851907.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102681/23/1026812371_0:0:1080:810_1920x0_80_0_0_0272adad34c90a27adbe58f2f9efd84d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
некрӯз ниёзов, далер назаров, саидшо ниёзов, консерт, сурудхонӣ
некрӯз ниёзов, далер назаров, саидшо ниёзов, консерт, сурудхонӣ
Сурудхонии Некрӯз Ниёзов бо падараш ва Далер Назаров: "орзуям амалӣ шуд" - видео
11:42 31.05.2021 (Навсозишуда: 13:28 31.05.2021) Некрӯз Ниёзов овозхони ҷавони тоҷик ахиран дар шаҳри Душанбе нахустин консерти худро баргузор кард ва бо маэстро Далер Назаров суруд хонд
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Сарояндаи ҷавони тоҷик Некрӯз Ниёзов, ки бештар бо бозхонии сурудҳои шодравон Муборакшо шӯҳрат дорад, бо падараш Саидшо Ниёзов ва ҳунарманди барҷастаи тоҷик Далер Назаров суруд хонд.
Нахустин консерти Некрӯз Ниёзов рӯзи 30 май дар "Амфитеатр" баргузор шуд. Аз наворҳои нашршуда дар саҳифаи сароянда бармеояд, ки ҳунарнамоии сарояндаи ҷавонро мухлисон хуш қабул кардаанд.
Вале ҳузури маэстро Далер Назаров ба ин консерт ранги дигар бахшид. Замони ба саҳна баромадани Далер Назаров аз толор садои кафкӯбиҳо баланд шуд. Ӯ ҳамроҳи Некрӯз Ниёзов суруди "Духтари деҳқон" - ро иҷро кард.
"Ташаккури зиёд ба маэстрои мо - Далер Назаров, ки орзуи маро барои рӯи як саҳн ҳамроҳ ҳунарнамоӣ кардан, бароварда кард", - навиштааст сароянда дар зери навори нашршуда дар саҳифааш дар Инстаграм.
Ҳамчунин Некрӯз Ниёзов дар ин консерташ ҳамроҳи падараш - Саидшо Ниёзовв, ки ӯ низ сароянда мебошад суруд хондааст.
Онҳо ҳамроҳ суруди "Ай нури Худо" - ро иҷро кардаанд.
Бояд гуфт, ки волидони Некрӯз Ниёзов солҳост, ки аз ҳам ҷудоянд ва дар роҳи ҳунар ба Некрӯз бештар амакаш
навозандаи машҳури Тоҷикистон Хушбахт Ниёзов кумак мекунад.
Некрӯз Ниёзов студияи худро дорад ва ҳатто барои сурудҳои сиртораҳои эстрадаи тоҷик аз ҷумла Нигина Амонқулова ва Шабнами Сураёро танзим мекунад.