https://sputnik.tj/20210531/shabehi-minsk-furudi-iztirorii-havopaymo-ryanair-olmon-1039864976.html
Шабеҳи нишаст дар Минск? фуруди изтирории ҳавопаймои ширкати Ryanair дар Олмон
Шабеҳи нишаст дар Минск? фуруди изтирории ҳавопаймои ширкати Ryanair дар Олмон
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати ирландии Ryanair хабар дод, як ҳавопаймои ин ширкат, ки рӯзи 30-юми май дар хатсайри Дублин-Краков парвоз мекард, баъди дарёфти огаҳии “хатари эҳтимолии амниятӣ” дар Берлин нишасте анҷом дод
2021-05-31T17:40+0500
2021-05-31T17:40+0500
2021-05-31T18:23+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
олмон
минск
фурудгоҳ
белорус
ҳавопаймо
нишаст
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102346/61/1023466159_0:23:3072:1751_1920x0_80_0_0_e81067635a784901f90c4f3d6757c6ed.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Дар изҳороти ширкати Ryanair рӯзи 31-уми май нашр ёфтааст, гуфта шудааст, ки тими назорати ҳавоии Олмон халабонҳоро огоҳ намуд, ки хатари эҳтимолӣ вуҷуд дорад ва раҳбари халабонҳо мутобиқ бо талаботи қоида дар наздиктарин фурудгоҳ, ки он вақт Берлин буд, нишасте анҷом дод, , иттилоъ додааст хабаргузории Ассошиэйтед Пресс. Дар изҳорот омадааст, ки пас аз нишаст дар фурудгоҳ тамоми мусофирон аз дохили ҳавопаймо берун оварда шуданд ва ҳамаи бору бағоҷи онҳо аз назари полиси Олмон гузаштанд. Манбаъ таъкид доштааст, ки аз дохили бағоҷи мусофирону ҳавопай ҳеҷ як манбае барои хатар пайдо нашуд.Ҳамзамон ширкат дар изҳороташ қайд кардааст, ки дар ниҳоят, бо таъхири 7-соата ҳавопаймое бо 160 мусофир дар фурудгоҳи шаҳри Кракови Полша фуруд омад. Ёдрас мешавем, ки ҳавопаймои Ryanair, ки рӯзи 23 май аз Афина ба Вилнюс парвоз мекард, бинобар паёме дар бораи истихроҷи маъдан фавран ба фурудгоҳи Минск нишаст.Ҳамон лаҳза фаъолони ҳуқуқи башари Белорус хабар доданд, ки бо ин ҳавопаймо Роман Протасевич, асосгузори канали Nexta Telegram, ки дар Белорус ҳамчун экстремист шинохта мешавад, парвоз кардааст.Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо дар фурудгоҳи Минск Протасевич боздошт шуд. Нисбати ӯ аз рӯи чанд модда, аз ҷумла "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯро то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.Ёдрас мешавем, ки ҳодисаи монанд соли 2018 ба вуқӯъ омада буд.Дар шаҳри Солсбери 4-уми марти соли 2018 ҷосуси бритонӣ Сергей Скрипал ва духтараш Юлия заҳролуд шуда буданд.Ҷониби Бритониё таъйид менамояд, ки дар заҳролудшавии Скрипалҳо бо моддаи А234 давлати Русия гунаҳкор аст, аммо мақомоти Русия инро қатъиян рад карданд. Урупо дар паи ин ҳодиса даҳҳо дипломати Русияро аз давлатҳояш ихроҷ карда буд.
https://sputnik.tj/20210528/lukashenko-ba-putin-hujjathoi-mahfi-nishon-dod-1039823290.html
https://sputnik.tj/20210525/avrupo-parvoz-havopaymo-belorus-bast-1039718563.html
минск
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102346/61/1023466159_216:0:2947:2048_1920x0_80_0_0_6c992e43e0106f73fc974a37f5271b6a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
олмон, нишаст, ҳавопаймо, минск, огаҳӣ
олмон, нишаст, ҳавопаймо, минск, огаҳӣ
Шабеҳи нишаст дар Минск? фуруди изтирории ҳавопаймои ширкати Ryanair дар Олмон
17:40 31.05.2021 (Навсозишуда: 18:23 31.05.2021) Ширкати ирландии Ryanair хабар дод, як ҳавопаймои ин ширкат, ки рӯзи 30-юми май дар хатсайри Дублин-Краков парвоз мекард, баъди дарёфти огаҳии “хатари эҳтимолии амниятӣ” дар Берлин нишасте анҷом дод
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Дар изҳороти ширкати Ryanair рӯзи 31-уми май нашр ёфтааст, гуфта шудааст, ки тими назорати ҳавоии Олмон халабонҳоро огоҳ намуд, ки хатари эҳтимолӣ вуҷуд дорад ва раҳбари халабонҳо мутобиқ бо талаботи қоида дар наздиктарин фурудгоҳ, ки он вақт Берлин буд, нишасте анҷом дод, , иттилоъ додааст хабаргузории Ассошиэйтед Пресс.
Дар изҳорот омадааст, ки пас аз нишаст дар фурудгоҳ тамоми мусофирон аз дохили ҳавопаймо берун оварда шуданд ва ҳамаи бору бағоҷи онҳо аз назари полиси Олмон гузаштанд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки аз дохили бағоҷи мусофирону ҳавопай ҳеҷ як манбае барои хатар пайдо нашуд.
Ҳамзамон ширкат дар изҳороташ қайд кардааст, ки дар ниҳоят, бо таъхири 7-соата ҳавопаймое бо 160 мусофир дар фурудгоҳи шаҳри Кракови Полша фуруд омад.
Ёдрас мешавем, ки ҳавопаймои Ryanair, ки рӯзи 23 май аз Афина ба Вилнюс парвоз мекард, бинобар паёме дар бораи истихроҷи маъдан фавран ба фурудгоҳи Минск нишаст.
Ҳамон лаҳза фаъолони ҳуқуқи башари Белорус хабар доданд, ки бо ин ҳавопаймо Роман Протасевич, асосгузори канали Nexta Telegram, ки дар Белорус ҳамчун экстремист шинохта мешавад, парвоз кардааст.
Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо дар фурудгоҳи Минск Протасевич боздошт шуд. Нисбати ӯ аз рӯи чанд модда, аз ҷумла "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯро то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Ёдрас мешавем, ки ҳодисаи монанд соли 2018 ба вуқӯъ омада буд.
Дар шаҳри Солсбери 4-уми марти соли 2018 ҷосуси бритонӣ Сергей Скрипал ва духтараш Юлия заҳролуд шуда буданд.
Ҷониби Бритониё таъйид менамояд, ки дар заҳролудшавии Скрипалҳо бо моддаи А234 давлати Русия гунаҳкор аст, аммо мақомоти Русия инро қатъиян рад карданд. Урупо дар паи ин ҳодиса даҳҳо дипломати Русияро аз давлатҳояш ихроҷ карда буд.