Путин хусусияти асосии мардони русро гуфт - видео

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Обуна шудан
Президенти Федератсияи Русия дар бораи хусусияти хоси мардонаи рус сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Мардони рус мекӯшанд, душвориҳоро мустақилона паси сар кунанд. Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин ҳангоми мулоқот бо ваколатдори ҳуқуқи кӯдак Анна Кузнетсова изҳор дошт.
Дар сӯҳбат бо кишвардор омбудсмени кӯдакон гуфт, ки дар баъзе минтақаҳои кишвар Рӯзи падарро бо шабеҳи Рӯзи модар, ки дар Русия шӯҳрат ёфта истодааст, мехоҳанд таъсис диҳанд.
Ғайр аз он, Кузнетсова дар бораи тадбирҳои иҷтимоие, ки ба дастгирии падарони танҳо тарбия мекунанд, сухан гуфт. Ба гуфти омбудсмен, на ҳама падарҳо барои гирифтани пардохт ба мақомоти давлатӣ муроҷиат мекунанд. Кузнетсова ин рафторро чун хислати мардона шарҳ дод.
Президент бо нуқтаи назари ӯ розӣ шуд.
"Мард мекӯшад, ки ҳама мушкилотро худаш паси сар кунад", - шарҳ дод Путин.
Мулоқоти президент бо омбудсмени кӯдакон дар Сочи дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки дар кишвар 1 июн таҷлил мешавад, баргузор гардид.
Кузнетсова ба Путин ҳисоботи солонаи корашро пешниҳод кард.
Ҳазли Путин дар бораи "қасри навбатӣ": "онро ба ман нисбат надиҳед" - видео
Хотиррасон мекунем, ки Рӯзи падар дар Русия таътили расмӣ нест. Дар сатҳи федералӣ ин масъала соли 2008 ба миён гузошта шуда буд, аммо он ҳанӯз ҳам ҳалли худро наёфтааст.
Аммо, баъзе минтақаҳои Федератсияи Русия аллакай идро тасдиқ ва ҳамасола таҷлил мекунанд. Ба чунин манотиқ вилояти Липетск дохил мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0