https://sputnik.tj/20210531/peshvoz-shabnam-uzbekiston-ulduz-1039868745.html
Пешвози гарми Шабнам дар Ӯзбекистон ва овозхонии зинда бо Юлдуз - навор
Пешвози гарми Шабнам дар Ӯзбекистон ва овозхонии зинда бо Юлдуз - навор
Sputnik Тоҷикистон
Шабнами Сурайё, ки чанде пеш дар Ӯзбекистон қарор дошт, бо примадоннаи он кишвар ба таври зинда суруд хонд ва бо чандин ҳунармандони хушноми ӯзбек нишасту шабнишиниҳо доир кард.
2021-05-31T19:00+0500
2021-05-31T19:00+0500
2021-05-31T19:13+0500
фарҳанг
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
юлдуз усмонова
шабнами сурайё
навор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102900/02/1029000267_0:55:1001:618_1920x0_80_0_0_958199dab27ccc5eb5e36a5e94e85c87.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Шабнами Сурайё, ки чанде пеш дар Ӯзбекистон қарор дошт, бо примадоннаи он кишвар ба таври зинда суруд хонд ва бо чандин ҳунармандони хушноми ӯзбек нишасту шабнишиниҳо доир кард.Аз наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезананд, дар яке Шабнам дар ҳалқаи ҳунармандон, аз ҷумла Муниса Ризоева ва писари Шералӣ Ҷураев, Зоҳиршоҳ гирди як миз нишаста сӯҳбати дӯстона доранд.Ҳунармандони Ӯзбекистон дар ин навор бо лаҳни тоҷикӣ Шабнамро хушомадед мегӯянд.Ҳамчунин Муниса, ки аз ҷониби Шабнам наворбардорӣ мешуд, ӯро ба Ӯзбекистон хайрамақдам гуфта даъват намуд, ки минбаъд зуд -зуд ба ин кишвар сафарҳои ҳунарӣ анҷом диҳад.Дар навори дигар, ки ба сербинандатаринҳо табдил ёфтааст, сурудхонии Шабнаму Юлдуз сабт гардидааст.Ҳар ду овозхон бо садои зинда, суруди "Tarolla Dalli" - ро сароиданд, ки аз ҷониби ҳам тамошобинон ва ҳам корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хуб пазируфта шуд.Бояд гуфт, ин сурудро Шабнам ва Юлдуз соли 2019 пешкаши мухлисони худ намуданд ва то имрӯз дар шабакаи You Tube онро беш аз 11 миллион нафар тамошо намудаанд.Қаблан хабар дода шуда буд, ки рӯзи 7 июн тавассути ҳавопаймо тақрибан 100 сароянда, раққоса ва навозандагони Ӯзбекистон аз Тошканд ба Душанбе парвоз хоҳанд кард. Онҳо дар консерти "Шоми дӯстӣ", ки 10 июн дар "Кохи Борбад" -и пойтахт баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард. Дар байни тамошобинон президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ хоҳанд буд.
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102900/02/1029000267_0:0:1001:751_1920x0_80_0_0_52b7d52a80033ac70edb39424ff71ad3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шабнам сурайё, юлдуз усмонова, ӯзбекистон
шабнам сурайё, юлдуз усмонова, ӯзбекистон
Пешвози гарми Шабнам дар Ӯзбекистон ва овозхонии зинда бо Юлдуз - навор
19:00 31.05.2021 (Навсозишуда: 19:13 31.05.2021) Овозхони саршиноси Тоҷикистон Шабнами Сурайёро ҳамтоёни ӯзбекаш дар Самарқанд гарм истиқбол карданд
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Шабнами Сурайё, ки чанде пеш дар Ӯзбекистон қарор дошт, бо примадоннаи он кишвар ба таври зинда суруд хонд ва бо чандин ҳунармандони хушноми ӯзбек нишасту шабнишиниҳо доир кард.
Аз наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезананд, дар яке Шабнам дар ҳалқаи ҳунармандон, аз ҷумла Муниса Ризоева ва писари Шералӣ Ҷураев, Зоҳиршоҳ гирди як миз нишаста сӯҳбати дӯстона доранд.
Ҳунармандони Ӯзбекистон дар ин навор бо лаҳни тоҷикӣ Шабнамро хушомадед мегӯянд.
Ҳамчунин Муниса, ки аз ҷониби Шабнам наворбардорӣ мешуд, ӯро ба Ӯзбекистон хайрамақдам гуфта даъват намуд, ки минбаъд зуд -зуд ба ин кишвар сафарҳои ҳунарӣ анҷом диҳад.
Дар навори дигар, ки ба сербинандатаринҳо табдил ёфтааст, сурудхонии Шабнаму Юлдуз сабт гардидааст.
Ҳар ду овозхон бо садои зинда, суруди "Tarolla Dalli" - ро сароиданд, ки аз ҷониби ҳам тамошобинон ва ҳам корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хуб пазируфта шуд.
Бояд гуфт, ин сурудро Шабнам ва Юлдуз соли 2019 пешкаши мухлисони худ намуданд ва то имрӯз дар шабакаи You Tube онро беш аз 11 миллион нафар тамошо намудаанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки рӯзи 7 июн тавассути ҳавопаймо тақрибан 100 сароянда, раққоса ва навозандагони Ӯзбекистон аз Тошканд ба Душанбе парвоз хоҳанд кард.
Онҳо дар консерти "Шоми дӯстӣ", ки 10 июн дар "Кохи Борбад" -и пойтахт баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард. Дар байни тамошобинон президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ хоҳанд буд.