https://sputnik.tj/20210531/olimon-jahon-hatar-virus-1039849423.html
Олимон ҷаҳонро аз хатари COVID - 26 ва COVID - 32 ҳушдор медиҳанд
Олимон ҷаҳонро аз хатари COVID - 26 ва COVID - 32 ҳушдор медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Олимони амрикоӣ даъват намудаанд, ки пайдоиши коронавирус бояд ҳамаҷониба омӯхта шавад
2021-05-31T10:51+0500
2021-05-31T10:51+0500
2021-08-10T17:02+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
илм ва фанноварӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103101/80/1031018013_0:226:2101:1407_1920x0_80_0_0_ff068c2e02324ffaaaafb5e667803df0.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Инсоният метавонад ба бемориҳои COVID-26 ва COVID-32 дучор ояд, хабар медиҳад NBC News бо истинод ба Питер Ҳотез, олими амрикоӣ ва яке аз мутахассисони коронавирус ва бемориҳои сироятӣ дар Иёлоти Муттаҳида. Ба гуфтаи ӯ, ин вазъ дар сурате инкишоф хоҳад ёфт, ки пайдоиши COVID-19 ҳамаҷониба омӯхта нашавад.Вай таъкид кард, ки вирусологҳо ва эпидемиологҳо бояд барои таҳқиқи сабабҳои хуруҷи коронавирус ба шаҳри Ухан, ки дар он ҷо эпидемия сар шудааст, фиристода шаванд. Танҳо дар он ҷо олимон метавонанд маълумот ва намунаҳои заруриро ҷамъоварӣ кунанд. Ҳотез афзуд, ки бидуни ҳамкорӣ бо Пекин гирифтани маълумот дар бораи пайдоиши коронавирус мушкил хоҳад буд.Ин олимон таъкид намудааст, ки барои ба даст овардани тамоми маълумот бояд ба Чин фишор овард.Пандемияи коронавирусБурузи маризии коронавирус моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин сабт гардид.Аз сабаби зуд паҳн шудани ин вирус, Созмони ҷаҳонии беҳдошт соли 2021 пандемия эълон кард ва талаб намуд, ки чораҳои шадиди пешгирӣ аз доман задани ин вабо андешида шавад.Зимнан, масъалаи сарчашмаи ин вирус ҳоло олимонро ором намегузорад. Олимони амрикоӣ бар ин назаранд, ки вирус дар Чин дар шароити лабораторӣ эъҷод шудаастАммо ҷониби Чин ин иттиҳомотро куллан рад мекунад, агарчӣ маълумоти пурраро низ ба манзури мутахассисони СҶБ вогузор намекунад.Бар тибқи маълумотҳои ахир, феълан ҳудуди 171 миллион нафар ба ин дард гирифтор шудаанд. Ҳамчунин 3,5 миллион мариз ҷони худро аз даст доданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103101/80/1031018013_0:29:2101:1604_1920x0_80_0_0_391afffe7712b1b6b52e568182ae4f56.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
олимон, ҳушдор, covid - 26, covid - 32
олимон, ҳушдор, covid - 26, covid - 32
Олимон ҷаҳонро аз хатари COVID - 26 ва COVID - 32 ҳушдор медиҳанд
10:51 31.05.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Олимони амрикоӣ даъват намудаанд, ки пайдоиши коронавирус бояд ҳамаҷониба омӯхта шавад
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Инсоният метавонад ба бемориҳои COVID-26 ва COVID-32 дучор ояд, хабар медиҳад NBC News бо истинод ба Питер Ҳотез, олими амрикоӣ ва яке аз мутахассисони коронавирус ва бемориҳои сироятӣ дар Иёлоти Муттаҳида.
Ба гуфтаи ӯ, ин вазъ дар сурате инкишоф хоҳад ёфт, ки пайдоиши COVID-19 ҳамаҷониба омӯхта нашавад.
"Ин саввумин эпидемияи калон ё пандемияи коронавирус дар асри 21 аст. Табиат нишон медиҳад, ки дар сурати пурра наомӯхтани пайдоиши коронавирус, эҳтимол COVID-26 ва COVID-32 ба вуҷуд оянд", - гуфт мутахассис
Вай таъкид кард, ки вирусологҳо ва эпидемиологҳо бояд барои таҳқиқи сабабҳои хуруҷи коронавирус ба шаҳри Ухан, ки дар он ҷо эпидемия сар шудааст, фиристода шаванд.
Танҳо дар он ҷо олимон метавонанд маълумот ва намунаҳои заруриро ҷамъоварӣ кунанд. Ҳотез афзуд, ки бидуни ҳамкорӣ бо Пекин гирифтани маълумот дар бораи пайдоиши коронавирус мушкил хоҳад буд.
Ин олимон таъкид намудааст, ки барои ба даст овардани тамоми маълумот бояд ба Чин фишор овард.
Бурузи маризии коронавирус моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин сабт гардид.
Аз сабаби зуд паҳн шудани ин вирус, Созмони ҷаҳонии беҳдошт соли 2021 пандемия эълон кард ва талаб намуд, ки чораҳои шадиди пешгирӣ аз доман задани ин вабо андешида шавад.
Зимнан, масъалаи сарчашмаи ин вирус ҳоло олимонро ором намегузорад. Олимони амрикоӣ бар ин назаранд, ки вирус дар Чин дар шароити лабораторӣ эъҷод шудааст
Аммо ҷониби Чин ин иттиҳомотро куллан рад мекунад, агарчӣ маълумоти пурраро низ ба манзури мутахассисони СҶБ вогузор намекунад.
Бар тибқи маълумотҳои ахир, феълан ҳудуди 171 миллион нафар ба ин дард гирифтор шудаанд. Ҳамчунин 3,5 миллион мариз ҷони худро аз даст доданд.