Зинда монд: муҳоҷир аз ошёнаи 12 сарозер шуд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкСтроительство ЖК "Южная Битца" в Подмосковье
Строительство ЖК Южная Битца в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Обуна шудан
Ҷабрдида ҷароҳатҳои шадид гирифт, вале хушбахтона зинда монд
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Дар шаҳри Санкт - Петербург як муҳоҷир аз ошёнаи 12 - уми бинои сохтмонӣ ба замин сарозер шуд, менависад Piter.TV.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш дар хиёбони Московский рух додааст. Маълум аст, ки муҳоҷир 26 сол дорад ва феълан дар яке аз беморхонаҳои ин шаҳр бистарӣ аст.
Обрушение моста в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2021
Мӯъҷиза: дар Русия кӯпрук сарозер шуду ронанда зинда монд
Манбаъ ҳувияти муҳоҷирро ифшо накардааст ва ҳоло маълум нест, ки ин муҳоҷир аз Тоҷикистон аст ва ё дигар давлат.
Гуфта мешавад, муҳоҷирро аз ҷойи ҳодиса бо ҷароҳатҳои шадид, аз ҷумла шикасти устухони дасту пой, сахт зарб хӯрдани мағзи сар ва дигар ҷароҳатҳо ба бемористон интиқол доданд ва ҳоло ӯ дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад.
Манбаъ меафзояд, феълан нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0