https://sputnik.tj/20210531/kdam-qirghiziston-sobiq-raisi-hukumatro-fasodkori-bozdosht-1039867386.html
КДАМ Қирғизистон собиқ раиси Ҳукуматро бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт кард
КДАМ Қирғизистон собиқ раиси Ҳукуматро бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт кард
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, аз боздошти собиқ раиси Ҳукумати ин кишвар хабар дод
2021-05-31T18:10+0500
2021-05-31T18:10+0500
2021-05-31T18:19+0500
қирғизистон
осиёи марказӣ
сарвазир
фасод
боздошт
коррупсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/06/1032223011_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_d99a6726c93375f46ea3c7f97850e4c5.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Сарвазири пешини Қирғизистон, Омурбек Бабанов дар робита ба парвандаи фасодкорӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаи "Кумтор" боздошт шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.Кумита таъкид намудааст, ки феълан таҳқиқи ин парвандаро идома медиҳад. Пештар аз бозпурсии Бабанов хабар дода шуда буд. Вай бо моддаи 319 "Коррупсия" -и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Қирғизистон айбдор мешавад. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ афзудааст, ки оммаро аз натиҷаҳои таҳқиқи ин парвандаи ҷиноӣ огоҳ мекунад. Бабанов аз октябри соли 2011 то моҳи сентябри соли 2012 сарвазири Қирғизистон буд. Қаблан алайҳаш ду парвандаи ҷиноӣ – яке барои баромадаш дар маҳаллаи “Амир – Темур” – и Ош ва дигаре барои омодагӣ барои ғасби ҳокимият тариқи зӯроварӣ кушода шуда буд, ки феълан таҳқиқоташ қатъ шудааст. Моҳи марти соли равон хабар дода шуд, ки ба далели набудани зарар ба манофеи давлат, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон парвандаҳо қатъ шудаанд. Дар зимн тавре КДАМ хабар дода буд, Бабанов барои дастгирии буҷаи давлат 100 миллион сом ба хазинаи давлат дод. Додситонии кулли Қирғизистон қаблан барои фасодкорӣ зимни созиши коркарди кони тиллои Кумтор парвандаи ҷиноӣ оғоз карда буд. Зикр гардид, ки аз соли 1992 то 2019 баъзе шахсони мансабдори баландпоя ва дигар мақомоти мақомоти ваколатдори давлатӣ ва роҳбарияти ҶСК “Қирғизалтин” бо мақсади ба даст овардани фоидаи ғайриқонунӣ ва дигар манфиатҳо якчанд созишнома бастаанд, ки дар натиҷа, ба давлат миллиардҳо доллар зарари моддӣ ва хисороти ҷуброннопазир ба муҳити зист расид, иттилоъ дода буд котиботи додситонӣ.
https://sputnik.tj/20190809/Pas-az-bozdosht-Otamboev-Babanov-ba-qirgiziston-bozgasht-aks-1029616965.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/06/1032223011_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_43a37e567409e480ab513fc02eab3aef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, боздошт, кдам
қирғизистон, боздошт, кдам
КДАМ Қирғизистон собиқ раиси Ҳукуматро бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт кард
18:10 31.05.2021 (Навсозишуда: 18:19 31.05.2021) Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, аз боздошти собиқ раиси Ҳукумати ин кишвар хабар дод
ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Сарвазири пешини Қирғизистон, Омурбек Бабанов дар робита ба парвандаи фасодкорӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаи "Кумтор" боздошт шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.
Кумита таъкид намудааст, ки феълан таҳқиқи ин парвандаро идома медиҳад. Пештар аз бозпурсии Бабанов хабар дода шуда буд. Вай бо моддаи 319 "Коррупсия" -и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Қирғизистон айбдор мешавад.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ афзудааст, ки оммаро аз натиҷаҳои таҳқиқи ин парвандаи ҷиноӣ огоҳ мекунад.
Бабанов аз октябри соли 2011 то моҳи сентябри соли 2012 сарвазири Қирғизистон буд. Қаблан алайҳаш ду парвандаи ҷиноӣ – яке барои баромадаш дар маҳаллаи “Амир – Темур” – и Ош ва дигаре барои омодагӣ барои ғасби ҳокимият тариқи зӯроварӣ кушода шуда буд, ки феълан таҳқиқоташ қатъ шудааст.
Моҳи марти соли равон хабар дода шуд, ки ба далели набудани зарар ба манофеи давлат, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон парвандаҳо қатъ шудаанд. Дар зимн тавре КДАМ хабар дода буд, Бабанов барои дастгирии буҷаи давлат 100 миллион сом ба хазинаи давлат дод.
Додситонии кулли Қирғизистон қаблан барои фасодкорӣ зимни созиши коркарди кони тиллои Кумтор парвандаи ҷиноӣ оғоз карда буд.
Зикр гардид, ки аз соли 1992 то 2019 баъзе шахсони мансабдори баландпоя ва дигар мақомоти мақомоти ваколатдори давлатӣ ва роҳбарияти ҶСК “Қирғизалтин” бо мақсади ба даст овардани фоидаи ғайриқонунӣ ва дигар манфиатҳо якчанд созишнома бастаанд, ки дар натиҷа, ба давлат миллиардҳо доллар зарари моддӣ ва хисороти ҷуброннопазир ба муҳити зист расид, иттилоъ дода буд котиботи додситонӣ.