https://sputnik.tj/20210531/javon-modar-bughi-kusht-1039851551.html
Ҷавони 22 - сола модарашро кушт
Ҷавони 22 - сола модарашро кушт
Sputnik Тоҷикистон
Ин ҳодисаи нангин рӯзи 28 май дар шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав рух додааст.
2021-05-31T11:59+0500
2021-05-31T11:59+0500
2021-05-31T13:31+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
куштор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102639/67/1026396787_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_ba39b1b775cb25130606cfe6d95d91dc.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Дар ноҳияи Шаҳринав куштори даҳшатбор сурат гирифтааст, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, кормандони пулис ҷавони 22 - соларо дастгир намуданд, ки дар қатли модари худ муттаҳам дониста мешавад.Ин ҳодисаи нангин рӯзи 28 май дар шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав рух додааст.ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.Қаблан ҳодисаи ба ин монанд дар ноҳияи Рӯдакӣ иттифоқ афтода буд. Он замон ҷавони 21 - сола бародари 23 - солаи худро бо зарби 10 корд ба қатл расонд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102639/67/1026396787_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_8ce5cf03b62378ceb748e22fe0830e74.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
куштор, шаҳринав, вкд
Ҷавони 22 - сола модарашро кушт
11:59 31.05.2021 (Навсозишуда: 13:31 31.05.2021) Ҷавон сокини ноҳияи Шаҳринав буда, дар саҳни ҳавлии истиқоматияш модарашро буғӣ карда кушт
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Дар ноҳияи Шаҳринав куштори даҳшатбор сурат гирифтааст, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, кормандони пулис ҷавони 22 - соларо дастгир намуданд, ки дар қатли модари худ муттаҳам дониста мешавад.
Ин ҳодисаи нангин рӯзи 28 май дар шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав рух додааст.
"Соати 18:00 - и рӯзи 28 май, дар саҳни ҳавлӣ, миёни гумонбаршуда ва модари ӯ муноқишаи оилавӣ рух дод, ки дар натиҷа фарзанд модарашро аз роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонд", - таъкид мешавад дар хабар.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Қаблан ҳодисаи ба ин монанд дар ноҳияи Рӯдакӣ иттифоқ афтода буд. Он замон ҷавони 21 - сола бародари 23 - солаи худро бо зарби 10 корд ба қатл расонд.