Эрон: эмгузаронии умумӣ бо ваксинаи худӣ аз ҳафтаи оянда оғоз хоҳад шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешВакцина от коронавируса, архивное фото
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Обуна шудан
Эрон эълон кард, ки аз ҳафтаи оянда ваксинатсияи умумӣ дар Эрон бо ваксинаи эронӣ оғоз хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, аз ҳафтаи оянда ё поёни баҳор ваксинаи эронӣ омодаи тазриқ барои умуми мардум аст ва эмгузаронӣ аз ҳафтаи оянда оғоз хоҳад шуд.
Саиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон афзуд, ки барои риояти протоколҳо ин тазриқ ба шакли довталабона хоҳад буд, дар марҳилаи аввал худам ва ҳамкоронам довталаби тазриқи ин ваксина хоҳем буд.
Вазири беҳдошти Эрон афзуд, ки ваксинаи муштараки Эрону Куба яке аз мумтозтарин ваксинаҳои дунёст, ки дар ҳоли сохт аст, баъд аз ин ваксина, ваксина “Баракат” аст.
 Ветеринар держит в руках шприц с препаратом Карнивак-Ков от COVID-19 в ветеринарной клинике в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Мақомоти Эрон аз марҳилаи ниҳоии санҷиши ваксинаи муштарак бо Куба гуфтанд
Ваксинаи коронаии маҳсули муштараки Эрон ва Куба, фази як ва дуи мутолеаи болиниро дар Куба бо муваффақият тай кардаву фази сеюми мутолеаи болинии он ҳамзамон бо Куба дар Эрон низ анҷом мешавад.
Фази сеюми мутолеаи болинии ваксинаи коронаии муштарак бо 24 ҳазор довталаб дар Эрон ва 44 ҳазор довталаб дар Куба дар ҳоли анҷом аст ва бар асоси эъломи масъулони Институти Пастери Эрон ин марҳала аз мутолеаи болинии ин ваксина то авохири июн бапоён мерасад.
Қаблан мақомоти Эрон эҳтимоли роҳандозии хати тавлиди ваксинаи русӣ дар Эрон эълон карда буд. Эрон барои ниёзи худ аз Русия ваксинаи “Спутник V” харидорь карда буд.
Нахусти маҳмӯлаи ваксинаи русӣ бар зидди вируси корона мавсӯм ба “Спутник V” моҳи феврали соли равон ба Эрон ирсол шуд
Лентаи хабарҳо
0