Ҳукми ду зан ва чаҳор марди тоҷик дар Перм: ба 66-соли зиндон маҳкум шуданд

© Sputnik / Амир ИсаевУничтожение незаконных наркотических веществ, архивное фото
Уничтожение  незаконных наркотических веществ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Перми Русия барои фурӯши нӯҳ кило героин шаш шаҳрванди Тоҷикистонро аз 9 то 13 сол маҳкум ба зиндон кард
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Додгоҳи Перми Русия шаш шаҳрванди Тоҷикистонро барои фурӯши маводи мухаддир маҳкум кард, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти прокуратураи ин минтақа.
Гуфта шудааст ба гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ чаҳор мард ва ду зан, ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд шомил буданд.
Тибқи иттилои манбаъ дар минтақаи Перми Русия, дар соли 2019, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия як гурӯҳи ҷиноиро, ки ба фурӯши маводи мухаддир машғул буданд, ошкор карданд. Миёни шаш шаҳрванди Тоҷикистон ду зан ҳам будааст, ки пурра ба фурӯши маводи мухаддир машғул буданд.
Ҳабибулло Воҳидзода Директор АКН РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Назорати маводи мухаддир пурзӯр мешавад: Стратегияи нави Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Манбаъ қайд кардааст, ки ин шаш нафар миқдори зиёди маводи мухаддирро аз ҷумла аз Тоҷикистон харидорӣ намуда, интиқоли онҳоро ба Русия ба роҳ монда буданд.
“Аъзоёни ин гурӯҳ, маводи мухаддири харидашударо бастабандӣ карда, ба ҷойҳои пинҳонӣ мебурданд. Харидорон дар бораи макони героини пинҳоншуда тавассути паёмрасони фаврӣ огоҳ мешуданд. Ҳангоми боздошт ва кофтуков аз фурӯшандагони маводи мухаддир беш аз нӯҳ кило героин мусодира карда шуд. Ин гурӯҳро ФСБ-и Русия дар қаламрави Перм ошкор намудааст”, - зикр кардааст манбаъ.
Прокуратураи Перм иттилоъ додааст, ки дар натиҷаи баррасии парвандаи ҷиноятӣ, додгоҳи ноҳияи Индустриалии Перм ҳамаи шаш шаҳрвандони Тоҷикистонро дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳгор донист.
Таъкид шудааст, ки додгоҳи Перм ҳарду зани боздоштшудаи тоҷикро ба 11 соли маҳкум кард. Ҳамзамон додгоҳ нисбати чаҳор марди тоҷик, ки “шарикон”-и ин ду зан буданд, вобаста аз нақш ва вазни гуноҳашон, аз нӯҳ то сенздаҳ сол равонаи кард.
Лентаи хабарҳо
0