Боздошти Раҷабов: барои қатъи парванда дар Оҷонсии зидди фасод 20 ҳазор доллар хост

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКонверт с долларовыми купюрами.
Конверт с долларовыми купюрами. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Обуна шудан
Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноии Раҷабов Алиакбарро ба додгоҳ ирсол кардааст, ки дар гирифтани ҳазоҳо доллар айбдор мешавад
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Раҷабов Алиакбар замони дар вазифаи сарнозири Шабакаҳои барқии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кор кардан барои ҳалли мушкили як шаҳрванд маблағ хостааст.
Номбурда ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ, ки нисбати охирин дар Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ қарор дошт, маблағи 20000 доллар талаб намудааст, афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, боздоштшуда аз маблағҳои талабнамудааш 10500 доллари ИМА ва 2700 сомониро гирифта тасарруф намуда, ба манфиати номбурда ягон амали муайянро иҷро накардааст.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Боздошти ду корманди Вазорати молия барои азхудсозии беш аз 4 миллион маоши кормандон
Оҷонсӣ гуфтааст, ки дар натиҷа номбурда бо ин кирдорҳои қасдонаи худ ба шаҳрванд “А” зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон расонидааст,
Оиди ҳолати мазкур нисбати Раҷабов А.Ҳ. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст, афзудааст манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0