https://sputnik.tj/20210530/raisi-sohib-badkoron-man-qonuni-tojikiston-1039844342.html
Раисию фоидагирӣ барои бадкорон маҳдуд шуд: қонуни нав дар Тоҷикистон
Раисию фоидагирӣ барои бадкорон маҳдуд шуд: қонуни нав дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон раисшавӣ барои афродеро, ки бадкорӣ кардаанду доғи судӣ доранд ё аз ҷавобгарӣ озод шудаанд, маҳдуд кард
2021-05-30T17:03+0500
2021-05-30T17:03+0500
2021-05-31T00:00+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
қонун
фоида
раисӣ
манъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101445/40/1014454031_0:25:1600:925_1920x0_80_0_0_536928cb341d687caa9e2a3455d14d6c.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои афроде, ки доғи судӣ доранд, дар бахши роҳбарӣ ва таъсиси ширкатҳо маҳдудият ҷорӣ гардид. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, дар парлумон гуфт, барои афроде, ки доғи судӣ доранд, фаъолияти аудиторӣ, ҳамчун роҳбар ва ё узви шӯрои директорон, шӯрои нозирон, мақоми иҷроия, муассис ва ё молик — бенефитсиари ташкилоти аудиторӣ маҳдуд карда шуд.Тағйироти мазкурро ба қонун “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ”, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи равон қабул кард. Вазир тавзеҳ дод, ба феҳрасти афроде, ки роҳашон ба раисию фоидагирӣ дар ин бахш маҳдуд шудааст, онҳое ҳам дохил гардиданд, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон, яъне барои гузаштани муҳлат, аз ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин озод гардидаанд. Вазир ҳадафи қонунро мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом, ё худ пулшӯӣ гуфтаст. Инчунин қонуни мазкур ба мақоми давлатӣ ваколати гузаронидани санҷиши фаъолияти ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродиро дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, додааст. Инчунин дар қонун муқаррарот оид ба нигоҳ доштани хулосаи аудиторӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ба муҳлати на камтар аз панҷ сол пешбинӣ гардидааст. Масъулин мегӯянд, ин иқдом мубориза бо пулшӯиро дар кишвар тақвият медиҳад. Қаблан барои мубориза бо пулшӯӣ нотариусҳои кишвар муваззаф шуда буданд, аз созишҳои мулумулкӣ ба маблағи беш аз 105 ҳазор сомонӣ, ба мақомоти дахлдори давлатӣ хабар диҳанд. Инчунин нотариусҳо бояд аз амалиёт бо амволи ғайриманқулу коғазҳои қиматнок, ки маблағашон беш аз 12 ҳазору 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, мақомотро огоҳ намоянд.Ниҳоди масъули муқовимат бо қонунигардонии пулҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада, Бонки миллӣ таъйин шудааст.
https://sputnik.tj/20210428/elon-pul-amaliyot-maqomot-ogoh-1039120669.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101445/40/1014454031_284:0:1517:925_1920x0_80_0_0_027c28faab47e1d0ccd166f11f91c99b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қонун, манъ, раисӣ, фоидагирӣ
қонун, манъ, раисӣ, фоидагирӣ
Раисию фоидагирӣ барои бадкорон маҳдуд шуд: қонуни нав дар Тоҷикистон
17:03 30.05.2021 (Навсозишуда: 00:00 31.05.2021) Парлумони Тоҷикистон раисшавӣ барои афродеро, ки бадкорӣ кардаанду доғи судӣ доранд ё аз ҷавобгарӣ озод шудаанд, маҳдуд кард
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои афроде, ки доғи судӣ доранд, дар бахши роҳбарӣ ва таъсиси ширкатҳо маҳдудият ҷорӣ гардид.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, дар парлумон гуфт, барои афроде, ки доғи судӣ доранд, фаъолияти аудиторӣ, ҳамчун роҳбар ва ё узви шӯрои директорон, шӯрои нозирон, мақоми иҷроия, муассис ва ё молик — бенефитсиари ташкилоти аудиторӣ маҳдуд карда шуд.
Тағйироти мазкурро ба қонун “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ”, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи равон қабул кард.
Вазир тавзеҳ дод, ба феҳрасти афроде, ки роҳашон ба раисию фоидагирӣ дар ин бахш маҳдуд шудааст, онҳое ҳам дохил гардиданд, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон, яъне барои гузаштани муҳлат, аз ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин озод гардидаанд.
Вазир ҳадафи қонунро мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом, ё худ пулшӯӣ гуфтаст.
Инчунин қонуни мазкур ба мақоми давлатӣ ваколати гузаронидани санҷиши фаъолияти ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродиро дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, додааст.
Инчунин дар қонун муқаррарот оид ба нигоҳ доштани хулосаи аудиторӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ба муҳлати на камтар аз панҷ сол пешбинӣ гардидааст.
Масъулин мегӯянд, ин иқдом мубориза бо пулшӯиро дар кишвар тақвият медиҳад.
Қаблан барои мубориза бо пулшӯӣ нотариусҳои кишвар муваззаф шуда буданд, аз созишҳои мулумулкӣ ба маблағи беш аз 105 ҳазор сомонӣ, ба мақомоти дахлдори давлатӣ хабар диҳанд. Инчунин нотариусҳо бояд аз амалиёт бо амволи ғайриманқулу коғазҳои қиматнок, ки маблағашон беш аз 12 ҳазору 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, мақомотро огоҳ намоянд.
Ниҳоди масъули муқовимат бо қонунигардонии пулҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада, Бонки миллӣ таъйин шудааст.