Тӯй мотам шуд: партоб аз минамёт дар Афғонистон даҳ кушта барҷой гузошт

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARМашины скорой помощи в Афганистане, архивное фото
Машины скорой помощи в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2021
Обуна шудан
Дар паи таркиш зимни маросими арӯсӣ ҳадди аққал даҳ нафар ҷон бохтанд: дар ин қазия ҳукумат ва ҷангиён ҳамдигарро айбдор мекунанд
ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Дар Афғонистон снаряди миномёт ба болои бинои истиқоматӣ афтод. Дар ин бора шабакаи телевизионии Tolo News бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад.
Ҳодиса дар музофоти Каписа дар шарқи кишвар рух додааст. Бино ба иттилои манбаъ, дар хонае, ки миномёт афтод, маросими арӯсӣ идома дошт. Ҳадди аққал даҳ нафар қурбони миномёт шуданд, ҳашт нафар аз ноҳияи гуногун маҷрӯҳ гардиданд.
Полицейский на месте нападения на университет в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2021
ДОИШ масъулияти таркиш дар масҷиди Кобулро бар уҳда гирифт
Маълум аст, ки айни замон миёни аъзоёни ҳаракати дар Тоҷикистону Русия мамнӯи "Толибон" ва нерӯҳои амниятии Афғонистон як задухӯрди дигар рух дод.
Корманди полиси Каписа гуфт, ки снарядро ҷангиён партофтанд. Ҳамзамон, "Толибон" - мамнуъ дар Тоҷикистону Русия, дар ин ҳодиса нерӯҳои амниятиро айбдор мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки муқовимати "Толибон" - гурӯҳи мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия, бо нерӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон идома дорад. Қаблан ҷангиён қаламравҳои деҳоти кишварро забт карда, инчунин ба шаҳрҳои калон ҳуҷум намуданд.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Афғонистон хун мегиряд: тобути 63 хонандаи ғӯрамаргро дар як теппа пайи ҳам дафн карданд
Иштибоҳи сарбозони афғон боиси ҳалокати одамон дар ҷашни арусӣ гардид
Нерӯҳои амниятии давлатӣ амалиётҳои муштараки зиддитеррористӣ мегузаронанд, ки дар ҷараёни он байни нерӯҳои амниятӣ ва аъзои ҳаракат муноқишаҳои мусаллаҳона сар мезананд.
Лентаи хабарҳо
0