Кумаки Духтурони бидуни марз ба зарардидагони Кӯлоб

© КотиботиДухтурони Бидуни МарзТашкилоти Духтурони Бидуни Марз ба осебдидагон дар шаҳри Кӯлоб кумак расонданд
Ташкилоти Духтурони Бидуни Марз ба осебдидагон дар шаҳри Кӯлоб кумак расонданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2021
Обуна шудан
Созмони Духтурони Бидуни Марз – MSF, барои зарардидагони офатҳои табиӣ дар шаҳри Кӯлоб кумак расондааст
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Ташкилоти байналмилалии тиббӣ-башардӯстонаи Духтурони Бидуни Марз - MSF, дар ҳамкорӣ бо Ситоди фаврии КҲФ Тоҷикистон ба одамони аз офати табиӣ зарардида дар шаҳри Кӯлоб 150 бастаи маводи гигиенӣ тақсим кард.
Ба иттилои котиботи созмон, Духтурони Бидуни Марз бастаи маводи гигиениро ба одамоне тақсим намуд, ки хонаҳояшон аз офати табиӣ зарар дидаанд. Ҳар як бастаи маводи гигиёнӣ аз сатил, сачоқ, собун, хоккаи ҷомашӯӣ, чӯткаҳои дандоншуӣ, хамираи дандон, кружка ва дастмолҳои санитарӣ иборат буданд, омадааст дар иттилоия.
Ҳашар барои сохтмони хона ба осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2021
Ҳашар барои сохтмони 20 хона дар ноҳияи Ҷомӣ
Дар паи боронҳои шадиди рӯзи 11 майи соли 2021, обхезӣ дар якчанд маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб даҳҳо хонаҳоро хароб намуд.
Ҳамчун як ташкилоти мустақили байналмилалӣ, вазифаи асосии Духтурон Бидуни Марз (MSF) расонидани кӯмаки фаврӣ ба аҳолии ниёзманд ва расонидани кӯмак ба онҳое мебошад, ки ба кумак бештар эҳтиёҷ доранд.
Ин созмон аз соли 2011 дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқ кардани лоиҳаи табобату нигоҳубини ҳамаҷонибаи бемории сил дар кӯдакон фаъолият карда истодааст. Ҳадафи асосӣ беҳтар намудани ташхис ва табобати бемории сил дар кӯдакон ва беҳтар намудани дастрасӣ ба табобату нигоҳубини ҳамаҷониба арзёбӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0