https://sputnik.tj/20210530/darguzashti-aziza-usufi-rais-sozmoni-tojikoni-samarqand-aks-1039845964.html
Даргузашти Азиза Юсуфӣ, раиси созмони тоҷикони Самарқанд – акс
Даргузашти Азиза Юсуфӣ, раиси созмони тоҷикони Самарқанд – акс
Sputnik Тоҷикистон
Азиза Юсуфӣ, раиси созмони тоҷикони “Самарқанд” дар синни 77 – солагӣ даргузашт
2021-05-30T21:20+0500
2021-05-30T21:20+0500
2021-05-30T21:22+0500
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
созмон
даргузашт
самарқанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249865_0:312:3000:2000_1920x0_80_0_0_ed5edbd678da821522956dd86f93e52f.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Азиза Юсуфӣ, раиси созмони “Самарқанд” ва ҷияни шоири тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ 30 май дунёро падрӯд гуфт. Дар ин бора дар саҳифааш Ҳаким Рабимбур, донишманди тоҷик, дар саҳифааш хабар додаст. Дар мавриди сабабҳои фавт гуфта нашудааст. “Азиза Юсуфӣ, ҷияни шоири зиндаёди тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, соли 1944 дар ноҳияи Сиёби шаҳри Самарқанд, дар оилаи зиёӣ таваллуд шуданд. Баъди хатми мактаби миёна, бахши тоҷикии донишгоҳи Самарқандро дар факултаи забон ва адабиёт, илм омӯхта , хатм карданд”, - навиштааст Раббимпур. Ба иттилои манбаъ, Юсуфӣ баъди хатми донишгоҳ дар донишкадаи омӯзгории муаллимони Самарқанд, ҳамчун муаллима ва вазифаҳои рохбарӣ кор карданд, ки ҳоло садҳо шогирдонаш дар гӯшаҳои беканори Ӯзбекистон ва берун аз он фаъолият доранд. Раббимпур таъкид кардааст, ки муаллима, нахустин ровии бахши тоҷикии радиои вилоят буда, аз соли 1991 дар мушкилтарин ҳолатҳои фаъолияти ҷамияти тоҷикони Самарқанд ва кишварамон, раисии созмонро ба уҳда дошт. “Аз минбарҳои баланди кишварамон, Тоҷикистон, созмонҳои ҳуқуқи башар, манфиатҳои миллатро дифоъ кардаанд, ки ҳеҷ аз ёди рушанфикрони бедор намебарояд”, - таъкид намудаст Раббимпур. Ӯ аз номи Анҷумани самарқандиёни Амрико барои хонаводааю наздикони Азиза Юсуфӣ ҳамдардӣ баён карда, сабри ҷамил хостааст.
https://sputnik.tj/20210222/vakil-markaz-tojikon-uzbekiston-1032871869.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249865_333:0:3000:2000_1920x0_80_0_0_c0b255bebd6871fe156ab71fe5941eb4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
юсуфӣ, тоҷикон, самарқанд
юсуфӣ, тоҷикон, самарқанд
Даргузашти Азиза Юсуфӣ, раиси созмони тоҷикони Самарқанд – акс
21:20 30.05.2021 (Навсозишуда: 21:22 30.05.2021) Азиза Юсуфӣ, раиси созмони тоҷикони “Самарқанд” дар синни 77 – солагӣ даргузашт
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Азиза Юсуфӣ, раиси созмони “Самарқанд” ва ҷияни шоири тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ 30 май дунёро падрӯд гуфт.
Дар ин бора дар саҳифааш Ҳаким Рабимбур, донишманди тоҷик, дар саҳифааш хабар додаст. Дар мавриди сабабҳои фавт гуфта нашудааст.
“Азиза Юсуфӣ, ҷияни шоири зиндаёди тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, соли 1944 дар ноҳияи Сиёби шаҳри Самарқанд, дар оилаи зиёӣ таваллуд шуданд. Баъди хатми мактаби миёна, бахши тоҷикии донишгоҳи Самарқандро дар факултаи забон ва адабиёт, илм омӯхта , хатм карданд”, - навиштааст Раббимпур.
Ба иттилои манбаъ, Юсуфӣ баъди хатми донишгоҳ дар донишкадаи омӯзгории муаллимони Самарқанд, ҳамчун муаллима ва вазифаҳои рохбарӣ кор карданд, ки ҳоло садҳо шогирдонаш дар гӯшаҳои беканори Ӯзбекистон ва берун аз он фаъолият доранд.
Раббимпур таъкид кардааст, ки муаллима, нахустин ровии бахши тоҷикии радиои вилоят буда, аз соли 1991 дар мушкилтарин ҳолатҳои фаъолияти ҷамияти тоҷикони Самарқанд ва кишварамон, раисии созмонро ба уҳда дошт.
“Аз минбарҳои баланди кишварамон, Тоҷикистон, созмонҳои ҳуқуқи башар, манфиатҳои миллатро дифоъ кардаанд, ки ҳеҷ аз ёди рушанфикрони бедор намебарояд”, - таъкид намудаст Раббимпур.
Ӯ аз номи Анҷумани самарқандиёни Амрико барои хонаводааю наздикони Азиза Юсуфӣ ҳамдардӣ баён карда, сабри ҷамил хостааст.