Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Бозигарони "Истиқлол" алайҳи вируси корона эм гирифтанд

© Sputnik / Pavel Bednyakov / Гузариш ба медиабонк Ветеринар держит в руках шприц с препаратом "Карнивак-Ков" от COVID-19 в ветеринарной клинике в Москве
 Ветеринар держит в руках шприц с препаратом Карнивак-Ков от COVID-19 в ветеринарной клинике в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2021
Обуна шудан
Дар даври аввали ваксинзанӣ, 11 футболбози тоҷик алайҳи коронавирус эм карда шуданд.
ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Бошгоҳи “Истиқлол”-и Тоҷикистон аз оғози ваксигириӣ алайҳи вируси корона хабар дод.
Маълум аст, ки 11 варзишгар алайҳи коронавирус эм карда шуданд. Қисми боқимондаи бозигарони “Истиқлол”, ки ҳоло бо тими миллии Тоҷикистон дар Урдун мебошанд, пас аз бозгашт ба Душанбе ваксина мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи "Истиқлол" дар бозиҳои дар доираи Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 ташкилшуда ширкат меварзад.
Всемирный банк, офис в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Тоҷикистон дар феҳрасти гирандагони 2 миллиард доллар барои ваксина
Ҳоло "Истиқлол" дар ҷадвали мусобиқа дар гурӯҳи А хатти аввалро ишғол мекунад. Аз рӯи натиҷаҳои бозиҳои гузашта, клуби Душанбе 10 имтиёз ба даст овард ва ба плей-офф роҳ ёфт.
Акнун футболбозони тоҷик бояд дар марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 бо ғолиби гурӯҳи E, дастаи эронии Персеполис вохӯранд.
Эълони танаффус дар Чемпионати Тоҷикистон: "Хуҷанд" пирӯзи марҳилаи аввал
Барои ба сафи аввал баромадан дар гурӯҳи А "Истиқлол" пирӯзиҳо дар чанд бозӣ кумак карданд. Аммо бозии охирин дар ҳоли ҳозир бо АГМК бо ҳисоби 2: 1 ба фоидаи тими Ӯзбакистон хотима ёфт.
Ёдовар мешавем, ки Лигаи қаҳрамонҳои AFC мусобиқаи асосии футболи бошгоҳӣ ба ҳисоб меравад, ки онро Конфедератсияи футболи Осиё ташкил мекунад.
Лентаи хабарҳо
0