Дар Ветнам навъи нави коронавирус ошкор шуд

© PixabayИллюстрация Коронавируса
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
Обуна шудан
Дар Ветнам олимон навъи таркибии коронавирус SARS-CoV-2-ро ошкор карданд
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Олимон аз Ветнам навъи нави коронавирусро, ки аз таркиби навъи бритониёӣ ва ҳиндии SARS-CoV-2 иборат будааст, ошкор карданд.
Дар ин бора вазири тандурустии кишвар Нгуен Тхан Лонг хабар додааст.
Бино бар тадқиқотҳои пешакӣ, навъи таркибии коронавирус гузарандатар ва тариқи ҳаво зудтар паҳн мешавад.
"Ин навъи коронавиррус феълан номаълум аст. Вазорати тандурустии Ветнам наввъи нави коронавирусро ба феҳрасти ҷаҳонии геноми коронавирус шомил мекунад", - изҳор доштанд дар вазорат.
Дар ҳамин ҳол, шумораи гирифторони нави коронавирус дар Ветнам афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти СУТ, дар ҳоли ҳозир дар кишвар 6356 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.
Бояд қайд кард, ки ҳар қадар вирусҳо гардиш кунанд, ҳамон қадар зиёдтар метавонанд тағир ёбанд.
Медсотрудник на санитарно-карантинном посту на въезде в город Бишкек. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
Омори ахири коронавирус дар ҷаҳон: 505 ҳазор бемори нав дар як рӯз
Ин тағиротҳо баъзан метавонанд варианте пайдо кунанд, ки нисбат ба варианти аввалия ба муҳити атроф беҳтар мутобиқ карда шаванд.
Қаблан роҳбари Иттифоқи табибони Ҷопон Наото Уеяма ҳушдор дода буд, ки баргузории Олимпиада дар Токио метавонад вазъи эпидемиологиро ба таври ҷиддӣ печида кунад ва ҳатто дар пайдоиши варианти "олимпӣ" -и коронавирус мусоидат кунад.
Коронавирус дар охири соли 2019 дар Чин буруз кард. Дар нимаи моҳи март, ТУТ пандемия эълон кард.
Тахмин меравад, ки вирус ба одам аз кӯршапаракҳо ё морҳо сироят кардааст. Ҳамзамон, дар ВАО маълумот дар бораи он, ки сироят ба таври сунъӣ сохта шудааст, борҳо пайдо шудааст. Т
ибқи омори 29 май, коронавирус дар 170 407 065 нафар ошкор карда шуд, 143 345 026 сиҳат шуд, 3 538 034 фавтид.
Лентаи хабарҳо
0