Садамаи маргбор: ҳалокати Абдураҳмони 3-сола зери чархи “Портер”- и Ҷуманазар

© hoffmann-tipsntrips / pixabayДетская игрушка возле дороги
Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
Обуна шудан
Ронанда аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ноболиғи сесоларо пахш кардааст
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи маргбор хабар додааст, ки дар пайи он кӯдаки 3-солае ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳодиса субҳи 28 май дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рух додааст.
"28-уми майи соли 2021, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, Эшназаров Ҷуманазар Раҳмоналиевичи 33 - сола, сокини ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи мазкур хурдсол, Нурмуҳаммедов Абдураҳмони 3-сола, сокини ҷамоати шаҳраки Гулистонро пахш намудааст", - афзудааст манбаъ.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Тафсилоти нав дар садамаи мудҳише, ки 6 узви як хонавода дар Кӯлоб ҳалок шуданд
Гуфта мешавад, дар натиҷа, хурдсол Нурмухаммедов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Ин ниҳод ҳамзамон рӯзи гузашта низ аз як садамаи дигари мудҳиш хабар дода буд, ки бар асари он як кудаки ҳануз яксола нашуда ба ҳалокат расид.
Ба гузориши ин ниҳод садама дар чорроҳаи шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Данғара” ва шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лолазор дар пайи бархӯрди ду “Опел-Вектра” сар задааст.
Лентаи хабарҳо
0