https://sputnik.tj/20210529/dushanbe-naqsha-guzargoh-se-sathi-sohtmon-1039825705.html
Дар Душанбе нақша доранд боз 10 эстакада созанд
Дар Душанбе нақша доранд боз 10 эстакада созанд
Sputnik Тоҷикистон
Бонки Рушди Осиё барои маблағгузории сохтмони роҳҳои нави мошингард дар Душанбе омода аст
2021-05-29T09:30+0500
2021-05-29T09:30+0500
2021-05-29T09:30+0500
дар тоҷикистон
душанбе
бор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0a/1031549922_0:142:2799:1716_1920x0_80_0_0_e94a858bf159853ada6ab7ec6c615eb2.jpg
ДУШАНБЕ, 29 май - Sputnik. Дар шаҳри Душанбе сохтани 10 эстакада ва ё гузаргоҳи се сатҳа дар назар аст, гуфт вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар мулоқот бо коршиносони Бонки Осиёии Рушд барои беҳтар кардани харакати нақлиёти шаҳрӣ. Мулоқоти ҷонибҳо онлайнӣ баргузор шуд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.Бонки Осиёии Рушд гуфтааст, ки омода аст дар татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ дар Душанбе барои беҳтар намудани инфрасохтори шаҳр саҳм гузорад. Лоиҳаи пешниҳодшуда аз 10 ҷузъ иборат аст, ки арзиши умумии онҳо 35 миллион доллари амрикоӣ ҳамчун грант ҷудо карда мешавад. Азим Иброҳим қайд кард, ки ҳамкории Вазорати нақлиёт ва БОР аз соли 2000 оғоз ёфта, аз он замон то ба имрӯз бо кӯмаки БОР дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 434,4 миллион доллар 12 лоиҳаи нақлиётӣ амалӣ карда шуданд. Бо дастгирии молиявии БОР дар вилояти Хатлон ду лоиҳа амалӣ карда мешаванд, ки ҳиссаи БОР дар он 157,2 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар шарқи Тоҷикистон татбиқи марҳилаи якуми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод оғоз ёфт ва Бонк барои он 110 миллион доллар ҷудо кард. Ғайр аз он, дар моҳи ноябри соли 2020 БОР ҷудо намудани 67,5 миллион долларро барои сохтмони шоҳроҳҳои Хулбук - Темурмалик - Кангурт ва Бохтар - Данғара - Гулистон тасдиқ кард.
https://sputnik.tj/20200710/Guzashti-khudravo-az-estakadai-navi-Dushanbe-ki-imrz-iftito-shud---15-aks-1031554682.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0a/1031549922_159:0:2638:1859_1920x0_80_0_0_9a9e3f879fb35a7df45344cba0e9b4a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бро маблағгузор, сохтмон, роҳ, душанбе,
бро маблағгузор, сохтмон, роҳ, душанбе,
Дар Душанбе нақша доранд боз 10 эстакада созанд
Бонки Рушди Осиё барои маблағгузории сохтмони роҳҳои нави мошингард дар Душанбе омода аст
ДУШАНБЕ, 29 май - Sputnik. Дар шаҳри Душанбе сохтани 10 эстакада ва ё гузаргоҳи се сатҳа дар назар аст, гуфт вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар мулоқот бо коршиносони Бонки Осиёии Рушд барои беҳтар кардани харакати нақлиёти шаҳрӣ.
Мулоқоти ҷонибҳо онлайнӣ баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Бонки Осиёии Рушд гуфтааст, ки омода аст дар татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ дар Душанбе барои беҳтар намудани инфрасохтори шаҳр саҳм гузорад.
Лоиҳаи пешниҳодшуда аз 10 ҷузъ иборат аст, ки арзиши умумии онҳо 35 миллион доллари амрикоӣ ҳамчун грант ҷудо карда мешавад.
Азим Иброҳим қайд кард, ки ҳамкории Вазорати нақлиёт ва БОР аз соли 2000 оғоз ёфта, аз он замон то ба имрӯз бо кӯмаки БОР дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 434,4 миллион доллар 12 лоиҳаи нақлиётӣ амалӣ карда шуданд.
Бо дастгирии молиявии БОР дар вилояти Хатлон ду лоиҳа амалӣ карда мешаванд, ки ҳиссаи БОР дар он 157,2 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар шарқи Тоҷикистон татбиқи марҳилаи якуми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод оғоз ёфт ва Бонк барои он 110 миллион доллар ҷудо кард.
Ғайр аз он, дар моҳи ноябри соли 2020 БОР ҷудо намудани 67,5 миллион долларро барои сохтмони шоҳроҳҳои Хулбук - Темурмалик - Кангурт ва Бохтар - Данғара - Гулистон тасдиқ кард.