https://sputnik.tj/20210529/cobiq-rais-sardor-idorai-andoz-sugd-1039828785.html
Cобиқ раиси ноҳия Ҷаббор Расулов, сардори Идораи андоз таъйин шудааст
Cобиқ раиси ноҳия Ҷаббор Расулов, сардори Идораи андоз таъйин шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Бо фармони Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз, Комил Салимзода (Бӯтаев), собиқ раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, сардори Идораи нозироти андоз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъйин шудааст
2021-05-29T12:13+0500
2021-05-29T12:13+0500
2021-05-29T12:13+0500
тағйироти кадрӣ дар тоҷикистон
суғд
мансаб
тағйирот
андоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102271/31/1022713166_0:0:1947:1096_1920x0_80_0_0_4b1dff0fcc8e521db77bf496ef3f96e1.jpg
ДУШАНБЕ, 29 май – Sputnik. Аз шуъбаи кадрҳои Раёсати нозироти андози вилояти Суғд дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ин мақоми нави вазифавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода ҷойи Азиз Аҳмадзодаро иваз намудааст. Комил Салимзода (Бӯтаев), дар гузашта дар вазифаи нозири минтақавӣ, сардори шуъба, ҷонишини сардор ва сардори Идораи нозироти андоз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолият намудааст. Аз январи соли 2016 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯ раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шуда буд. Аммо номи Салимзода, дар пайи баҳси маҷбуран кӯч додани савдогарони ноҳия аз “Бозори марказӣ” ба бозори навбунёди “Ашроф”, ки ба бародараш Акмал Бӯтаев таалуқ дорад, дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор гирифт ва ба танқидҳои зиёд рӯ ба рӯ шуд. Дар замони роҳбарии ӯ, ҳатто роҳи марказии ноҳия чанд муддат 1- самта карда шуд, то ин ки сокинон барои рафтан ба бозори “Ашроф” одат кунанд. Салимзода 27 январи соли гузашта бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов барканор гардида буд. Ҳоло бо гузашти бештар аз як сол собиқ раиси ноҳия, дубора корро дар нозироти андоз оғоз намудааст.
https://sputnik.tj/20210525/tayinoti-kadri-mndse-sughd-rohbaroni-ivaz-1039734647.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102271/31/1022713166_184:0:1947:1322_1920x0_80_0_0_7bd9b378856d83fb4d4517630c02b382.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
cобиқ раис, ҷаббор расулов, идораи андоз, тағйирот, мансаб
cобиқ раис, ҷаббор расулов, идораи андоз, тағйирот, мансаб
Cобиқ раиси ноҳия Ҷаббор Расулов, сардори Идораи андоз таъйин шудааст
Бо фармони Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз, Комил Салимзода (Бӯтаев), собиқ раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, сардори Идораи нозироти андоз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъйин шудааст
ДУШАНБЕ, 29 май – Sputnik. Аз шуъбаи кадрҳои Раёсати нозироти андози вилояти Суғд дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ин мақоми нави вазифавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода ҷойи Азиз Аҳмадзодаро иваз намудааст.
“Бо омадани Салимзода, Аҳмадзода ҳоло минҳайси муовини сардори нозироти андоз дар шаҳри Истаравшан фаъолият доранд”, гуфт манбаъ аз Раёсати андоз.
Комил Салимзода (Бӯтаев), дар гузашта дар вазифаи нозири минтақавӣ, сардори шуъба, ҷонишини сардор ва сардори Идораи нозироти андоз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолият намудааст.
Аз январи соли 2016 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯ раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шуда буд.
Аммо номи Салимзода, дар пайи баҳси маҷбуран кӯч додани савдогарони ноҳия аз “Бозори марказӣ” ба бозори навбунёди “Ашроф”, ки ба бародараш Акмал Бӯтаев таалуқ дорад, дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор гирифт ва ба танқидҳои зиёд рӯ ба рӯ шуд.
Дар замони роҳбарии ӯ, ҳатто роҳи марказии ноҳия чанд муддат 1- самта карда шуд, то ин ки сокинон барои рафтан ба бозори “Ашроф” одат кунанд.
Салимзода 27 январи соли гузашта бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов барканор гардида буд.
Ҳоло бо гузашти бештар аз як сол собиқ раиси ноҳия, дубора корро дар нозироти андоз оғоз намудааст.