https://sputnik.tj/20210529/bishkek-mizbon-nishast-1039835597.html
Бишкек мизбони нишасти баъдии сарони ИДМ
Бишкек мизбони нишасти баъдии сарони ИДМ
Sputnik Тоҷикистон
Дар соли баъдӣ нишасти нахуствазирони кишварҳои ИДМ дар Бишкек баргузор мешавад
2021-05-29T18:50+0500
2021-05-29T18:50+0500
2021-06-10T13:43+0500
қирғизистон
осиёи марказӣ
нишаст
идм
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102290/40/1022904093_0:96:3301:1952_1920x0_80_0_0_1bc57161c8d88f2f54e0df55a9b68534.jpg
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Нахуствазири Қирғизистон Улуғбек Марупов, ки ба манзури ширкат дар нишасти нахуствазирони кишварҳои ИДМ дар Минск, пойтахти Беларус қарор дорад, дар ин бора хабар дод. "Тасмим бар ин шуд, ки ҷаласаи баъдии Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар 12 ноябри 2021 дар Бишкек баргузор шавад", - изҳор дошт вай.Вай дар бахше аз суханони худ дар ин нишаст, тавсеаи бештари иқтисодро ба ҳифзи манобеи табиӣ муртабит донист ва бар ҳифзи манобеи табиӣ, иҷрои саҳеҳу шаффофи истифода аз лояҳои зерзаминӣ дар бахши маъдан таъкид кард." Маводи маъданӣ ва захираҳои зеризаминӣ бояд дар хидмати манофеи мардум бошад ва барои рифоҳи онҳо истифода шавад", - .афзуд Марупов.Нахуствазири Қирғизистон ҳамчунин тавофуқномаи ҳамкорӣ дар заминаи беҳбуди вазъияти иштиғол дар кишварҳои ИДМ - ро ёдоварӣ ва ибрози умедворӣ кард: Ин тавофуқнома ба коҳиши сатҳи бекорӣ, тазмини ҳуқуқи шаҳрвандони кишварҳои ИДМ барои озодӣ ва баҳрагирӣ аз фаъолиятҳои коргарии матлуб ва ҳамчунин ҳалли мушкилот дар заминаи муҳоҷирати корӣ кумак мекунад.Кишварҳои Русия, ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Молдавия аз аъзои доимии кишварҳои ИДМ ҳастанд.Туркманистон ба унвони узви ҳамкор ва ду кишвари Афғонистон ва Муғулистон ба унвони узви нозир дар ин созмони минтақаӣ ҳузур доранд.
https://sputnik.tj/20210528/rasulzoda-minsk-idm-1039820757.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102290/40/1022904093_284:0:3015:2048_1920x0_80_0_0_a1a3560789dc078770ce91a18fb1eea7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бишкек идм
Бишкек мизбони нишасти баъдии сарони ИДМ
18:50 29.05.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Нишасти баъдии сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад.
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Нахуствазири Қирғизистон Улуғбек Марупов, ки ба манзури ширкат дар нишасти нахуствазирони кишварҳои ИДМ дар Минск, пойтахти Беларус қарор дорад, дар ин бора хабар дод.
"Тасмим бар ин шуд, ки ҷаласаи баъдии Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар 12 ноябри 2021 дар Бишкек баргузор шавад", - изҳор дошт вай.
Вай дар бахше аз суханони худ дар ин нишаст, тавсеаи бештари иқтисодро ба ҳифзи манобеи табиӣ муртабит донист ва бар ҳифзи манобеи табиӣ, иҷрои саҳеҳу шаффофи истифода аз лояҳои зерзаминӣ дар бахши маъдан таъкид кард.
" Маводи маъданӣ ва захираҳои зеризаминӣ бояд дар хидмати манофеи мардум бошад ва барои рифоҳи онҳо истифода шавад", - .афзуд Марупов.
Нахуствазири Қирғизистон ҳамчунин тавофуқномаи ҳамкорӣ дар заминаи беҳбуди вазъияти иштиғол дар кишварҳои ИДМ - ро ёдоварӣ ва ибрози умедворӣ кард:
Ин тавофуқнома ба коҳиши сатҳи бекорӣ, тазмини ҳуқуқи шаҳрвандони кишварҳои ИДМ барои озодӣ ва баҳрагирӣ аз фаъолиятҳои коргарии матлуб ва ҳамчунин ҳалли мушкилот дар заминаи муҳоҷирати корӣ кумак мекунад.
Кишварҳои Русия, ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Молдавия аз аъзои доимии кишварҳои ИДМ ҳастанд.
Туркманистон ба унвони узви ҳамкор ва ду кишвари Афғонистон ва Муғулистон ба унвони узви нозир дар ин созмони минтақаӣ ҳузур доранд.