https://sputnik.tj/20210529/abduroziq-tarona-muboraksho-1039836828.html
Интизори набард: Абдурозиқ навор нашр карду интиқод шунид - видео
Интизори набард: Абдурозиқ навор нашр карду интиқод шунид - видео
Sputnik Тоҷикистон
Ӯ таронаи машҳури Муборакшоро бозхонӣ кард
2021-05-29T21:35+0500
2021-05-29T21:35+0500
2021-05-29T21:38+0500
дар тоҷикистон
муҳориба
навор
tajikistan style
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103039/87/1030398780_1:0:1480:832_1920x0_80_0_0_c7a672656512e48576b069b683c47591.jpg
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Абдурозиқ, сарояндаи навраси тоҷик ва акнун машҳури шабакаи ҷаҳонии Интернет суруди "Ай ёрум биё" - и шодравон Муборакшо Мирзошоевро бозхонӣ кард.Эълон дар бораи бозхонии ин тарона ва қисме аз сурудро Абдурозиқ дар саҳифаи Инстаграмаш нашр кардааст ва навиштааст, ки "сабти таронаи нав"."Мо навори набардро интизорем, на таронаро", - навиштааст як корбари Инстаграм."Кай муҳорибаи ту бо Ҳасбулло нашр мешавад, кай?", - навиштааст нафари дигар."Хело зебо сароидаӣ, аммо навори ваъдагӣ кай мебарояд?", - пурсидааст як истифодабарандаи Инстаграм.Ёдрас мешавем, набарди тан ба тани блогери 18-солаи доғистонӣ Хасбулло Магомедов, маъруф бо тахаллуси Хасбик ва Абдурозиқи 17-соларо блогерон аз Тоҷикистон ва Русия ташкил карданд. Он бояд 19 май баргузор мешуд ва ба гуфтаи Асхаб Тамаев бологер ва варзишгаро баргузор гардидааст.Аммо ташкилкунандагони набард то ҳол навори ваъдагиашонро нашр накардаанд.Барои пирӯзӣ дар муҳориба 1 миллион рубл ваъда шуда буд.Қади Хасбик 93 см ва вазнаш ҳамагӣ 18 килост. Рақиби 17-солаи ӯ Абдурозиқ 1 метр қад ва ҳамагӣ 17 кило вазн дорад.Пештар волидони Абдурозиқ гуфта буданд, ки дар хурдсолӣ ӯ бемор шуду пас аз он дигар ҷисмаш бузург нашуд.Абдурозиқ овозхони бо вуҷуди ҷавониаш дар Тоҷикистон машҳур мебошад. Клипҳои ӯ, ки асосан дар студияи "Авлод Медиа"-и рэпсарои шинохтаи тоҷик Барон (Беҳрӯз Набиев) сабт мешаванд, дар Ютуб чандин миллион тамошобин ҷамъ меоранд.
https://sputnik.tj/20210518/nabardi-sol-mma-abduroziq-hasbik-1039534658.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103039/87/1030398780_186:0:1295:832_1920x0_80_0_0_352c08635a8e2d55891aef060f1c390d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
абдурозиқ тарона кӯдак
Интизори набард: Абдурозиқ навор нашр карду интиқод шунид - видео
21:35 29.05.2021 (Навсозишуда: 21:38 29.05.2021) Абдурозиқ дар ҳоле таронаи нав нашр кардааст, ки мухлисонаш навори набардашро интизоранд
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Абдурозиқ, сарояндаи навраси тоҷик ва акнун машҳури шабакаи ҷаҳонии Интернет суруди "Ай ёрум биё" - и шодравон Муборакшо Мирзошоевро бозхонӣ кард.
Эълон дар бораи бозхонии ин тарона ва қисме аз сурудро Абдурозиқ дар саҳифаи Инстаграмаш нашр кардааст ва навиштааст, ки "сабти таронаи нав".
Аммо бештари корбарони саҳифаи вай, изҳори нигаронӣ кардаанд, ки чаро набардаш бо Ҳасбик ё Ҳасбулло, блогери 18-солаи доғистонӣ нашр намешавад.
"Мо навори набардро интизорем, на таронаро", - навиштааст як корбари Инстаграм.
"Кай муҳорибаи ту бо Ҳасбулло нашр мешавад, кай?", - навиштааст нафари дигар.
"Хело зебо сароидаӣ, аммо навори ваъдагӣ кай мебарояд?", - пурсидааст як истифодабарандаи Инстаграм.
Ёдрас мешавем, набарди тан ба тани блогери 18-солаи доғистонӣ Хасбулло Магомедов, маъруф бо тахаллуси Хасбик ва Абдурозиқи 17-соларо блогерон аз Тоҷикистон ва Русия ташкил карданд. Он бояд 19 май баргузор мешуд ва ба гуфтаи Асхаб Тамаев бологер ва варзишгаро баргузор гардидааст.
Аммо ташкилкунандагони набард то ҳол навори ваъдагиашонро нашр накардаанд.
Барои пирӯзӣ дар муҳориба 1 миллион рубл ваъда шуда буд.
Қади Хасбик 93 см ва вазнаш ҳамагӣ 18 килост. Рақиби 17-солаи ӯ Абдурозиқ 1 метр қад ва ҳамагӣ 17 кило вазн дорад.
Пештар волидони Абдурозиқ гуфта буданд, ки дар хурдсолӣ ӯ бемор шуду пас аз он дигар ҷисмаш бузург нашуд.
Абдурозиқ овозхони бо вуҷуди ҷавониаш дар Тоҷикистон машҳур мебошад. Клипҳои ӯ, ки асосан дар студияи "Авлод Медиа"-и рэпсарои шинохтаи тоҷик Барон (Беҳрӯз Набиев) сабт мешаванд, дар Ютуб чандин миллион тамошобин ҷамъ меоранд.