Омодагиҳо дар Тоҷикистон ба сафари Мирзиёев: Вазорат хабарнигоронро номнавис мекунад

© Сайт Президента Республики УзбекистанПрезидент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев принял Премьер-министра Республики Таджикистан Кохира Расулзода
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев принял Премьер-министра Республики Таджикистан Кохира Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон шарту шароити номнавис кардани хабарнигорони хориҷ ва дохилро нашр намуд
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи оянда дар назар аст.
Бар хабари расонаҳои дохилӣ, Мирзиёев аз 10 то 11 июн бо сафари расмӣ меҳмони Тоҷикистон мешавад.
Дар робита ба омодагиҳо дар мамлакат барои ташрифи роҳбари Ӯзбекистон, котиботи Вазорати умури хориҷа менависад, ки номнависи хабарнигорони хориҷу дохил оғоз гардидааст.
Маълум шуд, Мирзиёев кай ба Тоҷикистон меояд
Манбаъ меафзояд, намояндагони ВАО, ки хоҳишманди иштирок дар пӯшиши иттилоотии ин чорабинӣ ҳастанд, метавонанд то соати 15:00, рӯзи 4 июн ба раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорат дархост ироа кунанд.
Ҳамчунин, вазорат мегӯяд, намояндагони ВАО - и ватанӣ ва хориҷӣ, ки дар Вазорати умури хориҷа аккредитатсия доранд, бояд ному насаб, вазифа, номи расона, аксу суроғаи электрониро ба ин ниҳод ирсол кунанд.
Шавкат Мирзиёев на совещании с активом Хорезмской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Маълум шуд, ки чаро Шавкат Мирзиёев ба Хуҷанд меравад
Зимнан, расонаҳое, ки дар вазорати мазкур парвона надоранд, бояд аз номи роҳбарият ба вазорат номаи расмӣ бо замимаи рӯйхати аъзои ҳайат, вазифа ва таҷҳизоти техникӣ ирсол намоянд.
Қаблан гуфта шуд, ки Шавкат Мирзиёев дар доираи сафараш ба Тоҷикистон аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд боздид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0