https://sputnik.tj/20210528/rusiya-kudakon-az-jonibi-horijiyonro-sahttar-kunand-1039816514.html
Қоидаи берун бурдани кӯдакон барои хориҷиҳо дар Русия шадидтар мешавад
Қоидаи берун бурдани кӯдакон барои хориҷиҳо дар Русия шадидтар мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия, қоидаҳои cафари кӯдакон ба хориҷ тағйир дода мешавад
2021-05-28T16:54+0500
2021-05-28T16:54+0500
2021-05-28T22:19+0500
муҳоҷират
марз
ҳуқуқ
кӯдакон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1c/1039810602_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_cf5434716ec8eaea28b048a1603e899a.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Ҳукумати Русия қонун дар бораи тартиби сафари кӯдак ба хориҷ дар сурати ихтилофи волидайнро ислоҳ ва тасдиқ кард, менависад рӯзномаи "Известия". Ҳамин тавр, дар таҳрири нави қонун, ки онро комиссияи ҳукуматӣ оид ба фаъолияти қонунгузорӣ тасдиқ кардааст, тартиби убури марз аз ҷониби кӯдак дар сурати ихтилофи волидайн шадидтар шудааст. Ҳамин тавр, агар волидайни хориҷии кӯдак барои манъи убури марз пофишорӣ кунад, кӯдакро бо худ ҳам ба дигар давлат бурда наметавонад.Дар ҳамин ҳол, волидайне, ки шаҳрвандии кишварро дорад, дар сурати манъ кардани убури марз барои кӯдакаш ҳақ дорад, тифлро бо худ бибарад.Би фикри муаллифон, ин ислоҳот барои ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони рус дар сурати ихтилофи волидайн пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, агар ягон зиддият байни падар ва модар вуҷуд надошта бошад, пас ҳеҷ гуна ҳуҷҷати иловагӣ барои сафар бо фарзанд, лозим намешавад. Хониши якуми лоиҳаи қонун аз ҷониби Думаи давлатии Федератсияи Русия 10 марти соли равон қабул карда шуд.
https://sputnik.tj/20210330/maktab-kudakon-russia-mujojiron-1033104059.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1c/1039810602_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_a4348e46bbe9188ff987fc036916c366.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳҷоират
Қоидаи берун бурдани кӯдакон барои хориҷиҳо дар Русия шадидтар мешавад
16:54 28.05.2021 (Навсозишуда: 22:19 28.05.2021) Дар Русия, қоидаҳои cафари кӯдакон ба хориҷ тағйир дода мешавад
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Ҳукумати Русия қонун дар бораи тартиби сафари кӯдак ба хориҷ дар сурати ихтилофи волидайнро ислоҳ ва тасдиқ кард, менависад рӯзномаи "Известия".
Ҳамин тавр, дар таҳрири нави қонун, ки онро комиссияи ҳукуматӣ оид ба фаъолияти қонунгузорӣ тасдиқ кардааст, тартиби убури марз аз ҷониби кӯдак дар сурати ихтилофи волидайн шадидтар шудааст.
Ҳамин тавр, агар волидайни хориҷии кӯдак барои манъи убури марз пофишорӣ кунад, кӯдакро бо худ ҳам ба дигар давлат бурда наметавонад.
Дар ҳамин ҳол, волидайне, ки шаҳрвандии кишварро дорад, дар сурати манъ кардани убури марз барои кӯдакаш ҳақ дорад, тифлро бо худ бибарад.
"Волидон метавонанд мамнӯъиятҳои мақсаднок, аз ҷумла баъзе кишварҳоро дар феҳристи ягона таъин кунанд. Бозхондани ариза аз додгоҳ имконпазир хоҳад буд", - гуфт Владимир Груздев, раиси шӯрои адвокатҳои Русия.
Би фикри муаллифон, ин ислоҳот барои ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони рус дар сурати ихтилофи волидайн пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, агар ягон зиддият байни падар ва модар вуҷуд надошта бошад, пас ҳеҷ гуна ҳуҷҷати иловагӣ барои сафар бо фарзанд, лозим намешавад. Хониши якуми лоиҳаи қонун аз ҷониби Думаи давлатии Федератсияи Русия 10 марти соли равон қабул карда шуд.