https://sputnik.tj/20210528/putin-silohi-kharobiovar-rusiya-1039812995.html
Путин дар бораи силоҳи нави харобиовари Русия гуфт
Путин дар бораи силоҳи нави харобиовари Русия гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи Владимир Путин, мушакҳои нави болдори кишвар пешрафта ва пуриқтидоранд
2021-05-28T15:15+0500
2021-05-28T15:15+0500
2021-05-28T15:19+0500
амният ва мудофиа
владимир путин
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039794180_0:0:2140:1205_1920x0_80_0_0_b5fe6e35660df31a7878ebd17b694b38.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Мушакҳои болдори Русия "Калибр" нисбат ба силоҳҳои хориҷӣ хеле тавонотар ва муассиртаранд.Дар ин бора сарвари давлат Владимир Путин зимни мулоқот бо роҳбарияти Вазорати мудофиаи Русия ва намояндагони маҷмааи саноатии ҳарбӣ изҳор дошт.Ба гуфтаи ӯ, таҳаввулоти охирин аллакай ба ихтиёри нерӯҳо гузаштанд. Ғайр аз он, як қатор намудҳои дигари лавозимоти ҷангӣ ба қувваҳои мусаллаҳи Русия ворид мешаванд."Ҳоло сарбозон навтарин мушакҳои болдори дурпарвоз Х-101, Калибр, мушакҳои баллистикӣ ва болдори маҷмааи оперативӣ-тактикии Искандар, системаҳои сершумори мушакпарранда, бомбаҳои ҳавоии идорашавандаи калибрҳои гуногун доранд, мегиранд ", - гуфт президенти Русия. Путин таъкид кард, ки хусусиятҳои "Калибр" аз силоҳи хориҷӣ бартарӣ доранд. Як қатор нишондиҳандаҳо беназир будани мушакҳоро нишон медиҳанд. Ин дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ алайҳи терорристон дар Сурия тасдиқ шуд, гуфт сарвари давлат."Бояд пештар фикр мекардем": ИМА акнун медонад ба Русия чӣ гуна посух диҳадИлова бар ин, Путин вазифаи муҷаҳҳаз кардани артиш ва флоти Русияро бо миқдори кофии силоҳҳои муосири баландмаҳсули дурпарвоз гузоштааст. Президенти Русия ба таҳлили муноқишаҳои низомии даҳсолаҳои охир ва таҷрибаи рушди артишҳои пешрафтаи ҷаҳон ишора кард, ки нақши афзояндаи истифодаи мушакҳои болдори пойгоҳҳои гуногун ва муҳимоти ҷангиро нишон медиҳанд. Путин инчунин зарурати нигоҳ доштани суръати истеҳсоли силоҳи ҳозиразамони зарбазанро дар солҳои наздик изҳор кард.
https://sputnik.tj/20210526/rusiya-jahonaz-mushaki-boldori-nato-1039764121.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039794180_145:0:2140:1496_1920x0_80_0_0_c591f0dc1369ac1c214ff9890e4355aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин русия силоҳ
владимир путин русия силоҳ
Путин дар бораи силоҳи нави харобиовари Русия гуфт
15:15 28.05.2021 (Навсозишуда: 15:19 28.05.2021) Ин силоҳҳои нав ва беназири Русия аз намунаҳои хориҷӣ якчанд маротиба бартарӣ доранд
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Мушакҳои болдори Русия "Калибр" нисбат ба силоҳҳои хориҷӣ хеле тавонотар ва муассиртаранд.
Дар ин бора сарвари давлат Владимир Путин зимни мулоқот бо роҳбарияти Вазорати мудофиаи Русия ва намояндагони маҷмааи саноатии ҳарбӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, таҳаввулоти охирин аллакай ба ихтиёри нерӯҳо гузаштанд. Ғайр аз он, як қатор намудҳои дигари лавозимоти ҷангӣ ба қувваҳои мусаллаҳи Русия ворид мешаванд.
"Ҳоло сарбозон навтарин мушакҳои болдори дурпарвоз Х-101, Калибр, мушакҳои баллистикӣ ва болдори маҷмааи оперативӣ-тактикии Искандар, системаҳои сершумори мушакпарранда, бомбаҳои ҳавоии идорашавандаи калибрҳои гуногун доранд, мегиранд ", - гуфт президенти Русия.
Путин таъкид кард, ки хусусиятҳои "Калибр" аз силоҳи хориҷӣ бартарӣ доранд. Як қатор нишондиҳандаҳо беназир будани мушакҳоро нишон медиҳанд.
Ин дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ алайҳи терорристон дар Сурия тасдиқ шуд, гуфт сарвари давлат.
Илова бар ин, Путин вазифаи муҷаҳҳаз кардани артиш ва флоти Русияро бо миқдори кофии силоҳҳои муосири баландмаҳсули дурпарвоз гузоштааст.
Президенти Русия ба таҳлили муноқишаҳои низомии даҳсолаҳои охир ва таҷрибаи рушди артишҳои пешрафтаи ҷаҳон ишора кард, ки нақши афзояндаи истифодаи мушакҳои болдори пойгоҳҳои гуногун ва муҳимоти ҷангиро нишон медиҳанд.
Путин инчунин зарурати нигоҳ доштани суръати истеҳсоли силоҳи ҳозиразамони зарбазанро дар солҳои наздик изҳор кард.