Пойгоҳҳои низомӣ дар Осиёи Марказӣ ба кӣ ва чаро даркоранд?

CC BY 2.0 / The U.S. Army / afghanistanСолдаты армии США в районе Тирзае в провинции Ховст, Афганистан, архивное фото
Солдаты армии США в районе Тирзае в провинции Ховст, Афганистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Обуна шудан
Амиқтар кардани ҳамгироӣ ва вобастагии мутақобила беҳтарин роҳи коҳиш додани сатҳи низоъ ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои шабеҳ ба муноқишаи марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад ва барои ин амрикоие лозим нест
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Геворг Мирзаян. Хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон то 11 сентябр ба итмом мерасад, аммо амрикоиҳо аллакай эълом доштанд, ки намехоҳанд аз Осиёи Марказӣ комилан хориҷ шаванд.
Дар Осиёи Марказӣ ва атрофи он баррасиҳо дар бораи дурнамои таъсиси пойгоҳҳои амрикоӣ дар минтақа идома доранд. Аммо аз он барои худи кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ суд?

Мушкилот ҷой доранд

Хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз Афғонистон идома дорад. Он 11 сентябр ба поён мерасад, аммо амрикоиҳо аллакай изҳор доштанд, ки онҳо намехоҳанд сарбозони худро дур баранд. Аз ин рӯ, матлабҳое мунтазам пайдо мешаванд, ки Иёлоти Муттаҳида ба зудӣ дар ин бора бо яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мувофиқа хоҳад кард. Бо Тоҷикистон (бо истифода аз вазъи душвори иқтисодии ин кишвар), Қирғизистон (дар он ҷо ташкилотҳои ғайридавлатии Ғарб фаъолона кор мекунанд), Ӯзбекистон (ки бо роҳи нейтралитет рафта истодааст) ё Қазоқистон. Ҳам мақомоти маҳаллӣ ва ҳам Русия ин дурнаморо рад мекунанд.
"Тамосҳои мо бо шарикони тоҷику ӯзбек мегӯянд, ки ба онҳо муроҷиати расмӣ нашудааст. Ин аввал. Дуввум, онҳо рӯшан карданд, ки ин ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, мо набояд ба ин махсусан муқобилият кунем", - мудири Департаменти дувуми Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кобулов. Вай инчунин маслиҳат дод, ки "дар ин бора аз ҳад зиёд хавотир нашавед".
Давлатҳои минтақа худро комилан амн эҳсос намекунанд - ба соҳибихтиёрии онҳо "интернасионали сабз" дар симои террористони исломӣ, ҷангҷӯёни афғон ва дар дарозмуддат (тавре ки бисёриҳо фикр мекунанд) Чин қасд дорад. Баъзе элитаҳои маҳаллӣ ба эътимоднокии кафолатҳои Русия шубҳа доранд.
ТОП истребителей России и США: кто победит в воздушном бою?
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Қиркунандаҳои Русияву Амрико дар ҷанги ҳавоӣ қувва озмуданд: кӣ пирӯз шуд - навор
Кишварҳои Осиёи Марказӣ (ҳатто сарватмандтарини онҳо) норасоии маблағро эҳсос мекунанд ва амрикоиҳо, тавре маълум аст, метавонанд хеле саховатманд бошанд. Ин мушкилот вуҷуд доранд. Аммо ҷойгиркунии пойгоҳҳои амрикоӣ онҳоро ҳал намекунад.
Бешак, кишварҳои Осиёи Марказӣ вазъи марзи Арманистон - як кишвари узви СААД ва Озарбойҷонро бодиққат назорат мекунанд. Ин барояшон то ҷое санҷиши коршоямии СААД, дақиқтараш санҷиши тавони ин созмон барои ҳимояи узв мебошад.
Бале, ин як озмоиш бо махсусиятҳои миллӣ аст - рафтори аҷиби мақомоти Арманистон, ки қаламрави худро дифоъ кардан намехоҳанд, барои ҳар як нерӯи беруна барои иҷрои ӯҳдадориҳояшон боздоранда аст - аммо санҷишҳои дигар ҳанӯз вуҷуд надоранд. Ва агар бӯҳрон дар марзи Арманистону Озарбойҷон хотима наёбад, пас дар Осиёи Марказӣ садои онҳое, ки дар бораи беэътимодии кафолатҳои Русия ҳарф мезананду зарурати фаврии ҷустуҷӯи шарикони дигар, баландтар мешавад. Масалан, амрикоиҳо.

Амрикоиҳо ва тартибот

Аммо мушкил дар он аст, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҷое, ки меравад, сулҳу амниятро таъмин намекунад. Хусусан вақте ки сухан дар бораи Осиёи Марказӣ меравад. Дар ниҳоят, Вашингтон, ба фарқ аз Маскав, ба субот ва амнияти ин минтақа ниёз надорад - бесубот кардани фазои Осиёи Марказиро ҳадафи худ қарор медиҳад, то барои Русия ва Чин мушкилот эҷод кунад (бо назардошти он, ки Пекин мехоҳад ба Ғарб тавассути Осиёи Миёна мол фиристед, аз он манбаъҳои энергетикӣ мегирад ва гузашта аз ин, бо Шинҷони ноороми Чин ҳаммарз аст).
Ҳамзамон, ҳама мефаҳманд, ки нооромсозӣ бо роҳҳои гуногун анҷом дода мешавад. Ҳам бо кумаки "тимсоҳҳои ромшуда" дар симои ифротгароҳои исломӣ (амрикоиҳо собиқаи дарозӣ бозӣ бо ин гуна нерӯҳоро доранд - намояндагони гурӯҳи Давлати исломии дар Русия мамнӯъ (ДИИШ ё ДИ)* дурустиро тасдиқ мекунанд) ва бо ёрии майдонҳое, ки ҷавонони майнаашонро коркарда содир намудаанд.
Флаги России и США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
"Амрикоиҳо муносибати моро медонанд". Маскав барои Департаменти давлатӣ чӣ омода кардааст
Дар баробари ин, амрикоиҳо ҳеҷ гуна кафолат дода наметавонанд, ки ҳамкориҳои мудофиавӣ бидуни дахолати онҳо ба корҳои дохилии шарикон ва кӯшиши ба шаҳрвандони маҳаллӣ ёд додани "зиндагии дуруст" сурат мегирад.
Ин аст, ки имрӯз Осиёи Марказӣ танҳо як формулаи таъмини амниятро дорад. Теъдоди камтари амрикоиҳо ва шумораи бештари русҳо (ҳеҷ каси дигар омода, қодир ё хоҳони дифоъ аз минтақа нест) ва ҳамкориҳои зиёдтари дуҷониба.

Худ ҳам қодир

То ба наздикӣ, мушкилоти ҷиддӣ дар бахши ҳамкории дуҷониба вуҷуд доштанд - ихтилофоти марзӣ ва дигар мушкилоти байни давлатҳои минтақа ба ҳамкории онҳо монеъ мешуданд ва ҳолатҳои муноқишавиро ба вуҷуд меоварданд. Аммо, акнун мақомот билохира дарк карданд, ки ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар хонаи шишагӣ ҳастанд - ягона, онҳо дигар надоранд. Аз ин рӯ, онҳо, ҳам худашон ва ҳам таҳти сарпарастии Русия, ба ташкили минтақаи воҳид шурӯъ карданд.
Заместитель министра иностранных дел России Сергей Рябков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Русия қарори Вашингтон дар бораи бознагаштан ба СОБ - ро шарҳ дод
Ҳамин тариқ, гуфтушунидҳо байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар бораи ташкили раводиди ягонаи монанд ба минтақаи Шенген - раводиди Роҳи Абрешим, дар ҳоли анҷомёбист. Агар лоиҳа бомуваффақият татбиқ шавад, шояд Қирғизистон низ ба он ҳамроҳ шавад. Ва манфиатҳои ин "Шенген" - боз ҳам, агар лоиҳа бомуваффақият татбиқ карда шавад - на танҳо барои соҳаи сайёҳӣ мерасад.
Шакли раводиди ягона тақвияти ҳамкориҳои хадамоти махсус, ҳаҷми бештари иттилоотро, ки ба якдигар интиқол дода мешаванд (аз ҷумла ташкили пойгоҳи додаҳои умумӣ) ва инчунин барномаҳои муштараки иқтисодиро талаб мекунад. Ва тавре маълум аст, амиқтар кардани ҳамгироӣ ва вобастагии мутақобила беҳтарин доруест барои коҳиш додани сатҳи низоъ ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои шабеҳ ба муноқишаи марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон. Ва барои ин ягон амрикоиҳо лозим нестанд.
Назари муаллиф метавонад бо мавқеи идора мувофиқ набошад.
*созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0