https://sputnik.tj/20210528/panj-taksiron-tojik-tarkondan-shtabro-rad-1039812735.html
Панҷ таксирони тоҷик қасди инфиҷори бинои низомиён дар Русияро рад карданд
Панҷ таксирони тоҷик қасди инфиҷори бинои низомиён дар Русияро рад карданд
Sputnik Тоҷикистон
Гуфта мешавад, муҳоҷиронро як "доишӣ"-и тоҷик аз Сурия бо номи Тоҷиддин Назаров, маъруф ба номи Абу Усом Норакӣ роҳномоӣ мекард. 28.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-28T14:54+0500
2021-05-28T14:54+0500
2021-07-07T18:37+0500
муҳоҷират
муттаҳам
дар русия
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102293/10/1022931029_0:177:3067:1902_1920x0_80_0_0_85bdb3f6b5c27c0aed3d3bbc78f2bd53.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Арабов, Мирзоев, Раҷабов, Хоҷаев ва Шокиров, 5 тоҷикистонӣ, ки дар шаҳри Маскав ба ҳайси ронандаи таксӣ фаъолият мекарданд ва соли 2018 ба гумони қасди инфиҷор кардани дафтари Идораи иктишофӣ дар Русия аз ҷониби кормандони "ФСБ" боздошт шуданд, дар додгоҳ охирин суханашонро иброз доштанд.Манобеи Коммерсант менависанд, ки онҳо дар узвият ба Созмони террористии ДОИШ* (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) низ муттаҳам мешаванд.Ҳоло бошад, ба ҳар 5 таксирони тоҷик аз 14 то 20 - соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.Гуфта мешавад, муҳоҷиронро як "доишӣ" - и тоҷик аз Сурия бо номи Тоҷиддин Назаров, маъруф ба номи Абу Усомаи Норакӣ роҳнамоӣ мекард.Бо ҳидояти Норакӣ, Раҷабов дар Маскав як гурӯҳи хурди террористии иборат аз 4 ҳамватани худ ташкил дода, азм доштанд, чандин терактҳои маргборро амалӣ намоянд.Ҳатто ба ҳангоми боздошт кардани онҳо ва мавриди кофтукоб қарор додани сарпаноҳашон, аз онҷо лавозимоти ҷангӣ, 6 миллион рубл, 20 ҳазор доллар ва варақае, ки дар он тамоми хароҷоти ҳар як ҳамла ҳисобу китоб шудааст, дарёфт гардида шуд.Аммо муттаҳамон аснои иброз намудани сухани охирон, ба бегуноҳии худ пофишорӣ намуда, тамоми иттиҳомотро рад намуданд.Онҳо мегӯянд, ба Русия бо аҳли хонаводаи худ барои кор омаданд, на террор.Вакили мудофиаи муҳоҷирон низ талаб намудааст, ки барои тасдиқ нашудани иртиботи онҳо бо ДОИШ ва ҳамчунин мавҷуд набудани далел бобати "нақша"- и гӯё мунфаҷир намудани бинои дафтари иктишофии Русия, нисбати онҳо ҷазои сабуктар татбиқ шавад.*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон
https://sputnik.tj/20210304/tobut-muhojir-prokuratura-rusiya-1032939424.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102293/10/1022931029_14:0:2745:2048_1920x0_80_0_0_22ec9fcf184a9dfcf8180d3c53744660.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, муттаҳам, дар русия, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
муҳоҷират, муттаҳам, дар русия, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Панҷ таксирони тоҷик қасди инфиҷори бинои низомиён дар Русияро рад карданд
14:54 28.05.2021 (Навсозишуда: 18:37 07.07.2021) Гуфта мешавад, муҳоҷиронро як "доишӣ"-и тоҷик аз Сурия бо номи Тоҷиддин Назаров, маъруф ба номи Абу Усом Норакӣ роҳномоӣ мекард.
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Арабов, Мирзоев, Раҷабов, Хоҷаев ва Шокиров, 5 тоҷикистонӣ, ки дар шаҳри Маскав ба ҳайси ронандаи таксӣ фаъолият мекарданд ва соли 2018 ба гумони қасди инфиҷор кардани дафтари Идораи иктишофӣ дар Русия аз ҷониби кормандони "ФСБ" боздошт шуданд, дар додгоҳ охирин суханашонро иброз доштанд.
Манобеи
Коммерсант менависанд, ки онҳо дар узвият ба Созмони террористии ДОИШ* (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) низ муттаҳам мешаванд.
Ҳоло бошад, ба ҳар 5 таксирони тоҷик аз 14 то 20 - соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Гуфта мешавад, муҳоҷиронро як "доишӣ" - и тоҷик аз Сурия бо номи Тоҷиддин Назаров, маъруф ба номи Абу Усомаи Норакӣ роҳнамоӣ мекард.
Бо ҳидояти Норакӣ, Раҷабов дар Маскав як гурӯҳи хурди террористии иборат аз 4 ҳамватани худ ташкил дода, азм доштанд, чандин терактҳои маргборро амалӣ намоянд.
Ҳатто ба ҳангоми боздошт кардани онҳо ва мавриди кофтукоб қарор додани сарпаноҳашон, аз онҷо лавозимоти ҷангӣ, 6 миллион рубл, 20 ҳазор доллар ва варақае, ки дар он тамоми хароҷоти ҳар як ҳамла ҳисобу китоб шудааст, дарёфт гардида шуд.
Аммо муттаҳамон аснои иброз намудани сухани охирон, ба бегуноҳии худ пофишорӣ намуда, тамоми иттиҳомотро рад намуданд.
Онҳо мегӯянд, ба Русия бо аҳли хонаводаи худ барои кор омаданд, на террор.
Вакили мудофиаи муҳоҷирон низ талаб намудааст, ки барои тасдиқ нашудани иртиботи онҳо бо ДОИШ ва ҳамчунин мавҷуд набудани далел бобати "нақша"- и гӯё мунфаҷир намудани бинои дафтари иктишофии Русия, нисбати онҳо ҷазои сабуктар татбиқ шавад.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон