https://sputnik.tj/20210528/nuriddin-said-ozmun-elon-1039805352.html
Нуриддин Саид озмуни нав эълон кард: ҷоиза 10 000 сомонӣ
Нуриддин Саид озмуни нав эълон кард: ҷоиза 10 000 сомонӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ғолиби асосӣ ду нафар хоҳад шуд ва ҳар кадоме бо маблағи 10 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд 28.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-28T12:48+0500
2021-05-28T12:48+0500
2021-05-28T22:11+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
кумитаи телевизион ва радио
озмун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102843/96/1028439685_0:0:2052:1154_1920x0_80_0_0_9bb10a330be55e0e5e2b650e43683742.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Раиси Кумитаи телевизион ва радио, Нуриддин Саид миёни кормандони ин ниҳод озмуни "Эъҷози сухан" эълон намудааст, менависад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.Бар хабари манбаъ, озмуни мазкур ба хотири баланд бардоштани завқи китобхонию шеърдонӣ, васеъ кардани ҷаҳонбинӣ, тақвияти неруи зеҳнию маҳорати эҷодию суханварӣ ва малакаи касбӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва равнақ додани ҷаҳони маънавии кормандони тамоми воҳидҳои сохтории Кумита баргузор мегардад.Гуфта мешавад, раиси кумита Нуриддин Саид аллакай бо довталабони озмун мулоқот намуда, шарту қоидаҳои озмунро ба онҳо шарҳ додааст.Мувофиқи низомномаи озмун, маҳорати иштирокдорон аз рӯйи ду номина - китобхонӣ ва шеърдонӣ натиҷагирӣ мешавад.Манбаъ меафзояд, барои баҳогузорӣ ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10-хола муқаррар карда шудааст. Кумита барои ҷоизадори мақоми аввал дар ҳарду номина 10 000 сомонӣ (ба 2 нафар, ҷамъ 20 000 сомонӣ), ба ду ҷойи дуюм дар ҳарду номина 7 000 сомонӣ (ба 4 нафар дар маҷмӯъ 28 000 сомонӣ) ва ба се ҷойи сеюм дар ҳарду номина 5 000 сомонӣ (ба 6 нафар, дар маҷмӯъ 30 000 сомонӣ) пешбинӣ намудааст.Нуриддин Саид соли гузашта бо фармони роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи телевизион ва радио таъйин гардид. То таъйин шудан ба ин мақом ӯ вазири маорифи Тоҷикистон буд.
https://sputnik.tj/20210126/rahmon-ilm-ozmun-tojikiston-1032692865.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102843/96/1028439685_52:0:2052:1500_1920x0_80_0_0_18775c6f2caccca14e28ec7baaaa9ff5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумитаи телевизион ва радио, нуриддин саид, озмун
кумитаи телевизион ва радио, нуриддин саид, озмун
Нуриддин Саид озмуни нав эълон кард: ҷоиза 10 000 сомонӣ
12:48 28.05.2021 (Навсозишуда: 22:11 28.05.2021) Ғолиби асосӣ ду нафар хоҳад шуд ва ҳар кадоме бо маблағи 10 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Раиси Кумитаи телевизион ва радио, Нуриддин Саид миёни кормандони ин ниҳод озмуни "Эъҷози сухан" эълон намудааст, менависад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Бар хабари манбаъ, озмуни мазкур ба хотири баланд бардоштани завқи китобхонию шеърдонӣ, васеъ кардани ҷаҳонбинӣ, тақвияти неруи зеҳнию маҳорати эҷодию суханварӣ ва малакаи касбӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва равнақ додани ҷаҳони маънавии кормандони тамоми воҳидҳои сохтории Кумита баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, раиси кумита Нуриддин Саид аллакай бо довталабони озмун мулоқот намуда, шарту қоидаҳои озмунро ба онҳо шарҳ додааст.
Мувофиқи низомномаи озмун, маҳорати иштирокдорон аз рӯйи ду номина - китобхонӣ ва шеърдонӣ натиҷагирӣ мешавад.
Манбаъ меафзояд, барои баҳогузорӣ ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10-хола муқаррар карда шудааст.
Кумита барои ҷоизадори мақоми аввал дар ҳарду номина 10 000 сомонӣ (ба 2 нафар, ҷамъ 20 000 сомонӣ), ба ду ҷойи дуюм дар ҳарду номина 7 000 сомонӣ (ба 4 нафар дар маҷмӯъ 28 000 сомонӣ) ва ба се ҷойи сеюм дар ҳарду номина 5 000 сомонӣ (ба 6 нафар, дар маҷмӯъ 30 000 сомонӣ) пешбинӣ намудааст.
Нуриддин Саид соли гузашта бо фармони роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи телевизион ва радио таъйин гардид. То таъйин шудан ба ин мақом ӯ вазири маорифи Тоҷикистон буд.