https://sputnik.tj/20210528/halokat-rovii-bbc-astrazeneca-1039807572.html
Ҳалокати ровии ВВС пас аз ваксинзанӣ бо AstraZeneca
Ҳалокати ровии ВВС пас аз ваксинзанӣ бо AstraZeneca
Sputnik Тоҷикистон
Ровии радиои Би-Би-Си дар Бритониёи Кабир пас аз эмгузаронӣ алайҳи коронавирус даргузашт, менависад рӯзномаи The Independent.
2021-05-28T14:15+0500
2021-05-28T14:15+0500
2021-08-10T17:02+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
бритониё
ввс
даргузашт
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1c/1039804657_0:0:2400:1350_1920x0_80_0_0_02ceafd54f68c883f9398a0cda333102.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Ровии радиои ВВС дар Бритониёи Кабир пас аз эмгузаронӣ алайҳи коронавирус даргузашт, менависад рӯзномаи The Independent.Рӯзноманигор Лиза Шоу бо ваксинаи истеҳсоли Бритониё ва Шветсия - AstraZeneca рӯзи 21 май эм шудааст. Аммо аз марги зани 44-сола танҳо акнун маълум шуд.Мувофиқи гуфтаи наздикони марҳум, пас аз як ҳафтаи эмгузаронӣ бо AstraZeneca, сари рӯзноманигор шадидан дард кардааст.Дар натиҷа, марҳум тромбоз гирифтааст, ки боиси марги ӯ гардидааст.Аз дафтари ВВС хабар доданд, ки аз рӯи ин қазия тафтишот оғоз шудааст. Эмкунӣ алайҳи коронавирус яке аз версияҳои асосии марг ба ҳисоб меравад.Ёдовар мешавем, ки ҷанҷол дар бораи хатари ваксинаи AstraZeneca дар нимаи моҳи март авҷ гирифт. Пас аз эмгузаронӣ, беморон гирифтори лахташавии хун шуда, бархе ба ҳалокат мерасиданд."Коронавак": Тоҷикистон аз Чин ваксина мегирадНамояндагони ширкат борҳо изҳор доштанд, ки таъсири манфӣ дар ҳолатҳои истисноӣ рух медиҳад.Пештар ширкати AstraZeneca гузоришеро дар бораи бехатарии ваксина нашр кард. Дар ин санад гуфта мешавад, ки аз ваксинаи Pfizer дар Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, зиёдтар мемиранд.
https://sputnik.tj/20210509/qahramoni-vaksinzani-astrazeneca-poyash-mahrum-1039340533.html
бритониё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1c/1039804657_260:0:2400:1605_1920x0_80_0_0_e326b900bf3f0afdf71ea87857cf36e2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳалокати ровӣ, ввс, ваксинзанӣ бо astrazeneca
ҳалокати ровӣ, ввс, ваксинзанӣ бо astrazeneca
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Ровии радиои ВВС дар Бритониёи Кабир пас аз эмгузаронӣ алайҳи коронавирус даргузашт, менависад рӯзномаи The Independent.
Рӯзноманигор Лиза Шоу бо ваксинаи истеҳсоли Бритониё ва Шветсия - AstraZeneca рӯзи 21 май эм шудааст. Аммо аз марги зани 44-сола танҳо акнун маълум шуд.
Мувофиқи гуфтаи наздикони марҳум, пас аз як ҳафтаи эмгузаронӣ бо AstraZeneca, сари рӯзноманигор шадидан дард кардааст.
Дар натиҷа, марҳум тромбоз гирифтааст, ки боиси марги ӯ гардидааст.
Аз дафтари ВВС хабар доданд, ки аз рӯи ин қазия тафтишот оғоз шудааст. Эмкунӣ алайҳи коронавирус яке аз версияҳои асосии марг ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки ҷанҷол дар бораи хатари ваксинаи AstraZeneca дар нимаи моҳи март авҷ гирифт.
Пас аз эмгузаронӣ, беморон гирифтори лахташавии хун шуда, бархе ба ҳалокат мерасиданд.
Намояндагони ширкат борҳо изҳор доштанд, ки таъсири манфӣ дар ҳолатҳои истисноӣ рух медиҳад.
Пештар ширкати AstraZeneca гузоришеро дар бораи бехатарии ваксина нашр кард. Дар ин санад гуфта мешавад, ки аз ваксинаи Pfizer дар Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, зиёдтар мемиранд.