Зодрӯзи Душанбе Паллаев: рӯзи 27 май дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш, Мария ВишняковаДень 27 мая
День 27 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Обуна шудан
Рӯзи бисту ҳафтуми май дар Нигерия — Рӯзи кӯдакон буда дар Қирғизистон – Рӯзи китобхона мебошад. Дар ин рӯз Душанбе Паллаев - ҳофизи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ ба дунё омадааст

Рӯзи 27 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1997 дар Порис санади асосии муносиботи дуҷонибаи Русия ва Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ ба имзо расид.
Соли 1999 Додгоҳи Гаага Президенти Югославия Слободан Милошевичро гунаҳкори ҳарбӣ эълон кард.
День 26 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Зодрӯзи Абуфаттоҳ Шарифов ва таваллуди сокини 9-миллионуми Тоҷикистон: 26 май дар таърих

Рӯзи 27 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003 дар шаҳри Душанбе аввалин форуми намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, истеҳсолкунандагон, воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид ва дар он шартнома дар бораи ҳамкории иҷтимоӣ ба имзо расид.
Соли 2003 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аввалин Фестивал-симпозиуми байналмилалии мусиқии классикии "Шашмақом" баргузор гардид.
День 25 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2021
Зодрӯзи Хусрав Шанбезода: рӯзи 25 май дар таърих
Соли 2009 дар шаҳри Душанбе мактаби олии сарҳадбонони САҲА (ОБСЕ) ифтитоҳ гардид.
Соли 2010 аввалин ҳавопаймо аз самти Душанбе ба Бориспол (Фурудгоҳи байналмилалии Бориспол, Украина) бо 15 мусофир парвоз кард.

Ҷашнҳои рӯзи 27 май

Дар Нигерия — Рӯзи кӯдакон.
Дар Қирғизистон – Рӯзи китобхона.

Рӯзи 27 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Бекназар Аҳмадов (1926) – китобшинос, нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Григорий Воробоев (1925 – 1986) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Ғаффор Каримов (1938)- актёри театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Аҳмадбек Қушқоров (1936-1989)- педагог, профессор.
Бурҳон Маҳмадқулов (1945) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Неъмат Мирсаидов (1955)- публисист.
Зайниддин Наҷмиддинов (1938) – Устои халқии Тоҷикистон.
Марина Некрасова (1954) –шоира.
Нурулло Оқилов (1965) – нависанда.
Душанбе Паллаев (1950 - 2017) –Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ.
Ғуфрон Раҳимбоев (1949) – мутриб, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Бурҳон Ризоев (1948) – доктори илми таърих, профессор.
Лентаи хабарҳо
0