https://sputnik.tj/20210527/kay-arzon-meshavad-charo-narhi-sabzi-rekordi-garon-shud---nazari-korshinoson-va-furushandaho-1039776571.html
Кай арзон мешавад?: чаро нархи сабзӣ рекордӣ гарон шуд - назари коршиносон ва фурӯшандаҳо
Кай арзон мешавад?: чаро нархи сабзӣ рекордӣ гарон шуд - назари коршиносон ва фурӯшандаҳо
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзҳои охир нархи сабзии истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои кишвар ба таври бесобиқа боло рафта ба 8 -10 сомонӣ расид. Деҳқонону фурӯшандаҳо сабабҳои гароншавии нархро шарҳ доданд
2021-05-27T10:45+0500
2021-05-27T10:45+0500
2021-05-27T15:55+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
нарх
гарон
дар бозорҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039776845_400:0:3600:1800_1920x0_80_0_0_715a1c8370ca7a5663f5ce694866cbb2.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май – Sputnik. Кишоварзони Суғд болоравии қиммати бехиро аксари вақт ба гарон шудани маводи сӯзишворӣ рабт медиҳанд, вале ба гуфти коршиносон ба ин раванд чанд омили дигар низ таъсиргузор аст.Гаронии маводи сӯхт - омили аввалиндараҷаНаимҷон як сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки солҳо ба ин тараф ба парвариши сабзӣ машғул аст, зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли ҷорӣ дар пайи болоравии қиммати маводи сӯхт, кору заҳмати кишоварзӣ ҳам гарон шуд.Бино ба шарҳи Агентии омор, нархи 1 кило сабзӣ дар бозорҳои Хуҷанд аввали соли ҷорӣ 1 сомониву 30 дирам рақам зада мешуд. Дар нимаҳои моҳи май нарх марзи 7 сомониро убур карда, ҳоло ба 8-10 сомонӣ, муодили 88 - 90 сенти амрикоӣ баробар шудааст. Фарҳод Умаров, як деҳқон аз ноҳияи Спитамен гуфт, ки ҳоло ҳосили нави сабзиро ғун карда вобаста ба сифаташ аз 3 то 6 сомонӣ ба чаканафурӯшони бозор медиҳанд. Бино ба шарҳи Агентии омор, нархи 1 кило сабзӣ дар бозорҳои Хуҷанд аввали солиҷорӣ 1 сомониву 30 дирам рақам зада мешуд. Дар нимаҳои моҳи май нарх марзи 7 сомониро убур карда, ҳоло ба 8-10 сомонӣ, муодили 88 - 90 сенти амрикоӣ баробар шудааст. Муаттар яке аз фурӯшандаҳои бозори “Панҷшанбе” зимни суҳбат гуфт, ки ҳоло деҳқонон, ба онҳо сабзиро бо нархи нисбатан баланд дастрас мекунанд. Ӯ гуфт, аз ҳисоби баланд шудани нарх рӯзҳои охир суръати савдо ҳам, дар бозор коҳиш ёфтааст. “Деҳқонон мегӯянд, парвариши сабзӣ серхароҷот шудааст. Аз ин сабаб онҳо борро бо нархи нисбатан баланд ба мо медиҳанд. Мо бошем ба сари ҳар килои бор 50 дирам ё 1 сомонӣ зам карда мефурӯшем ва аз ҳамин ҳисоб рӯзӣ дарёфт мекунем. Аз сабаби гарон шудани нарх, суръати савдо сустар аст. Бисёриҳо ба киссаашон нигоҳ карда, як - ду кило сабзӣ мехаранд. Агар арзон шавад бор тезтар ба фурӯш меравад", - афзуд фурӯшанда. Дар ҳамин ҳол, агар нархи деҳқон ва суханҳои фурӯшандаро ба назар гирем, пас нархи максималии бехӣ 6 сомону 50 дирам мешавад, на 8-10 сомонӣ.Таъсири тағйирёбии иқлимБаъзе аз кишоварзон таъкид намуданд, ки тағйирёбии иқлим, яке аз сабабҳои коҳишёбии кишти сабзӣ гардида ва дар чунин ҳол ба гарон шудани нархи маҳсулот дар бозорҳои кишвар бетаъсир намондааст. Иқлимшинос Шукрилло Раҳматов, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, баҳори имсол ҳарорати ҳаво як бора сард шуду ба қисме аз заминҳои киштшудаи сабзӣ дар шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Истаравшан асароте боқӣ гузошт. Бар пояи иттилоъи Сарраёсати кишоварзии Суғд, соли гузашта дар майдони 1200 гектор кишти сабзӣ ба роҳ монда, аз ин ҳисоб 68 ҳазор тон ҳосил гирифта шудааст. Аз оғози соли ҷорӣ то имрӯз дар 1400 гектор кишти сабзӣ дар шаҳру навоҳии Суғд сурат гирифтааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта 16% ё 200 гектор, зиёд гуфта мешавад. Абдуазиз Маҳмудзода, мудири шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии Суғд, зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи вазъи нархи маҳсулот дар бозорҳо гуфт, бисёриҳо баландшавии нархи маҳсулоти бозорро ба назар мегиранд, аммо фаъолияти деҳқонҳоро дар шароити тағйирёбии иқлим, ё намусоидшавии боду ҳаво аксарият сарфи назар мекунанд. “Кори кишоварзон ба боду ҳаво вобаста аст, агар боду ҳаво мусоид шуд, деҳқонон ҳосили хуб ба даст хоҳанд овард. Дар акси ҳол зироати киштшуда бар зарари деҳқон тамом мешавад. Ҳеҷ кас дар бораи тағйирёбии иқлим ҳарф назада, ҳамеша дар бораи болоравии нарх мегӯянд. Барои мисол имсол 70% -и гули зардолузорҳоро хунук зад, ҳеҷ кас ба ин таваҷҷуҳ надорад.. Ё нархи пиёз арзон шуду, деҳқон зарар дид, касе напурсид”, - Маҳмудзода.Бехӣ кай арзон мешавадШуморе аз коршиносони масоили иқтисодӣ мегӯянд, дар сурати беҳ шароити иқтисоди мардум, чунин баландшавии нархи маҳсулот дар бозор аслан қобили таваҷҷӯҳ намебуд.Икром Акрамов, як коршиноси мустақил ва устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мегӯяд, аз он, ки бисёриҳо ҷойи кор ва даромади собит надоранд, гароншавии нархи маҳсулот дар бозор ба ҷайби бе ин ҳам хароби сокинон зарба мерасонад. Ин коршинос ҳамчунин аз нақши камранги Раёсат ва шуъбаҳои Иттифоқи “Тоҷикматлубот” дар кишвар таъкид варзид, ки бояд илоҷи корро дар замони сероб ва арзон будани ин қабил маҳсулот, онро ба таври бояду шояд захира менамуданд.“Агар дар вақташ маҳсулотро аз деҳқонон харида, захира карда дар ин шабурӯз дар бозорҳо пешкаши харидорон мегардониданд, шояд вазъ ба ин дараҷа намепечид ва деҳқон ҳам талафоти зиёд намедиданду нарх ҳам қобили дастрас мебуд. Аз он, ки аксари деҳқонҳо шароити дурусти нигоҳдорӣ надоранд, як қисм ҳосили зироаташон пӯсиду нобуд шуд. Дар натиҷа бор кам ба бозор ворид шуд. Боре, ки кам шуд, нархи он табиист ки боло меравад”, - гуфт Акрамов.Дар ҳоле, ки ин гузориш омода мешуд, сокинон аз бозорҳои Суғд дар бораи то 8 – 7 сомонӣ поён шудани нархи сабзӣ хабар доданд. Таҳлилгарони соҳаи иқтисод изҳор мекунанд, ки дар ҳоли бештар ворид шудани ҳосили нави сабзӣ ба бозор, нархи он боз поёнтар хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20210524/osh-sabzi-korbaron-narkhi-bekhi-1039699668.html
https://sputnik.tj/20210210/Boloravii-narkh-bozori-naft--1032795529.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039776845_800:0:3200:1800_1920x0_80_0_0_a8c9e40e3e0dae8172048a5dc7f7ab73.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нархи сабзӣ, гарон, сабаб, тоҷикистон
нархи сабзӣ, гарон, сабаб, тоҷикистон
Кай арзон мешавад?: чаро нархи сабзӣ рекордӣ гарон шуд - назари коршиносон ва фурӯшандаҳо
10:45 27.05.2021 (Навсозишуда: 15:55 27.05.2021) Рӯзҳои охир нархи сабзии истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои кишвар ба таври бесобиқа боло рафта, ба 8 -10 сомонӣ расид. Деҳқонону фурӯшандаҳо сабабҳои гароншавии нархро шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 27 май – Sputnik. Кишоварзони Суғд болоравии қиммати бехиро аксари вақт ба гарон шудани маводи сӯзишворӣ рабт медиҳанд, вале ба гуфти коршиносон ба ин раванд чанд омили дигар низ таъсиргузор аст.
Гаронии маводи сӯхт - омили аввалиндараҷа
Наимҷон як сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки солҳо ба ин тараф ба парвариши сабзӣ машғул аст, зимни суҳбат ба
Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли ҷорӣ дар пайи болоравии қиммати маводи сӯхт, кору заҳмати кишоварзӣ ҳам гарон шуд.
“Барои мисол соли гузашта як сотих заминро тракторчӣ бо 10 сомонӣ кишт мекард, имсол бо сабаби гароншавии нархи дизел, он 12 сомонӣ шуд. Ё, ки як халта нурии минеларӣ (селитра) аз 250 сомонии соли гузашта, имсол ба 320 сомонӣ дакка зад. Бар замми ин нархи об ҳам боло рафт. Ҳамаи инро деҳқон аз ҳисоби худаш харҷ карда ба иҷро мерасонад”, - гуфт Наимҷон.
Бино ба шарҳи Агентии омор, нархи 1 кило сабзӣ дар бозорҳои Хуҷанд аввали соли ҷорӣ 1 сомониву 30 дирам рақам зада мешуд. Дар нимаҳои моҳи май нарх марзи 7 сомониро убур карда, ҳоло ба 8-10 сомонӣ, муодили 88 - 90 сенти амрикоӣ баробар шудааст.
Фарҳод Умаров, як деҳқон аз ноҳияи Спитамен гуфт, ки ҳоло ҳосили нави сабзиро ғун карда вобаста ба сифаташ аз 3 то 6 сомонӣ ба чаканафурӯшони бозор медиҳанд.
“Майдааш 3 ва калонаш 6 сомонӣ аст. Ин, ки савдогарони бозор чӣ қадар зам карда мефурӯшанд, барои мо маълум нест”, - гуфт ӯ.
Бино ба шарҳи Агентии омор, нархи 1 кило сабзӣ дар бозорҳои Хуҷанд аввали солиҷорӣ 1 сомониву 30 дирам рақам зада мешуд. Дар нимаҳои моҳи май нарх марзи 7 сомониро убур карда, ҳоло ба 8-10 сомонӣ, муодили 88 - 90 сенти амрикоӣ баробар шудааст.
Муаттар яке аз фурӯшандаҳои бозори “Панҷшанбе” зимни суҳбат гуфт, ки ҳоло деҳқонон, ба онҳо сабзиро бо нархи нисбатан баланд дастрас мекунанд. Ӯ гуфт, аз ҳисоби баланд шудани нарх рӯзҳои охир суръати савдо ҳам, дар бозор коҳиш ёфтааст.
“Деҳқонон мегӯянд, парвариши сабзӣ серхароҷот шудааст. Аз ин сабаб онҳо борро бо нархи нисбатан баланд ба мо медиҳанд. Мо бошем ба сари ҳар килои бор 50 дирам ё 1 сомонӣ зам карда мефурӯшем ва аз ҳамин ҳисоб рӯзӣ дарёфт мекунем. Аз сабаби гарон шудани нарх, суръати савдо сустар аст. Бисёриҳо ба киссаашон нигоҳ карда, як - ду кило сабзӣ мехаранд. Агар арзон шавад бор тезтар ба фурӯш меравад", - афзуд фурӯшанда.
Дар ҳамин ҳол, агар нархи деҳқон ва суханҳои фурӯшандаро ба назар гирем, пас нархи максималии бехӣ 6 сомону 50 дирам мешавад, на 8-10 сомонӣ.
Баъзе аз кишоварзон таъкид намуданд, ки тағйирёбии иқлим, яке аз сабабҳои коҳишёбии кишти сабзӣ гардида ва дар чунин ҳол ба гарон шудани нархи маҳсулот дар бозорҳои кишвар бетаъсир намондааст.
Иқлимшинос Шукрилло Раҳматов, дар суҳбат ба
Sputnik Тоҷикистон гуфт, баҳори имсол ҳарорати ҳаво як бора сард шуду ба қисме аз заминҳои киштшудаи сабзӣ дар шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Истаравшан асароте боқӣ гузошт.
“Дар моҳи феврал ҳаво якбора сард шуд. Ин ҳол ба нашъунамои зироат таъсири манфӣ гузошт. Даҳҳо гектор замини кишт нобуд шуд ва ё аз нашъунамо монд. Дар натиҷа ҳосили сабзӣ дуруст ба даст оварда нашуд”, - таъкид кард коршинос.
Бар пояи иттилоъи Сарраёсати кишоварзии Суғд, соли гузашта дар майдони 1200 гектор кишти сабзӣ ба роҳ монда, аз ин ҳисоб 68 ҳазор тон ҳосил гирифта шудааст. Аз оғози соли ҷорӣ то имрӯз дар 1400 гектор кишти сабзӣ дар шаҳру навоҳии Суғд сурат гирифтааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта 16% ё 200 гектор, зиёд гуфта мешавад.
Абдуазиз Маҳмудзода, мудири шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии Суғд, зимни суҳбат ба
Sputnik Тоҷикистон дар бораи вазъи нархи маҳсулот дар бозорҳо гуфт, бисёриҳо баландшавии нархи маҳсулоти бозорро ба назар мегиранд, аммо фаъолияти деҳқонҳоро дар шароити тағйирёбии иқлим, ё намусоидшавии боду ҳаво аксарият сарфи назар мекунанд.
“Кори кишоварзон ба боду ҳаво вобаста аст, агар боду ҳаво мусоид шуд, деҳқонон ҳосили хуб ба даст хоҳанд овард. Дар акси ҳол зироати киштшуда бар зарари деҳқон тамом мешавад. Ҳеҷ кас дар бораи тағйирёбии иқлим ҳарф назада, ҳамеша дар бораи болоравии нарх мегӯянд. Барои мисол имсол 70% -и гули зардолузорҳоро хунук зад, ҳеҷ кас ба ин таваҷҷуҳ надорад.. Ё нархи пиёз арзон шуду, деҳқон зарар дид, касе напурсид”, - Маҳмудзода.
Шуморе аз коршиносони масоили иқтисодӣ мегӯянд, дар сурати беҳ шароити иқтисоди мардум, чунин баландшавии нархи маҳсулот дар бозор аслан қобили таваҷҷӯҳ намебуд.
Икром Акрамов, як коршиноси мустақил ва устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мегӯяд, аз он, ки бисёриҳо ҷойи кор ва даромади собит надоранд, гароншавии нархи маҳсулот дар бозор ба ҷайби бе ин ҳам хароби сокинон зарба мерасонад.
Ин коршинос ҳамчунин аз нақши камранги Раёсат ва шуъбаҳои Иттифоқи “Тоҷикматлубот” дар кишвар таъкид варзид, ки бояд илоҷи корро дар замони сероб ва арзон будани ин қабил маҳсулот, онро ба таври бояду шояд захира менамуданд.
“Агар дар вақташ маҳсулотро аз деҳқонон харида, захира карда дар ин шабурӯз дар бозорҳо пешкаши харидорон мегардониданд, шояд вазъ ба ин дараҷа намепечид ва деҳқон ҳам талафоти зиёд намедиданду нарх ҳам қобили дастрас мебуд. Аз он, ки аксари деҳқонҳо шароити дурусти нигоҳдорӣ надоранд, як қисм ҳосили зироаташон пӯсиду нобуд шуд. Дар натиҷа бор кам ба бозор ворид шуд. Боре, ки кам шуд, нархи он табиист ки боло меравад”, - гуфт Акрамов.
Дар ҳоле, ки ин гузориш омода мешуд, сокинон аз бозорҳои Суғд дар бораи то 8 – 7 сомонӣ поён шудани нархи сабзӣ хабар доданд.
Таҳлилгарони соҳаи иқтисод изҳор мекунанд, ки дар ҳоли бештар ворид шудани ҳосили нави сабзӣ ба бозор, нархи он боз поёнтар хоҳад шуд.