https://sputnik.tj/20210527/doktor-abdulloh-tolibon-1039784755.html
Доктор Абдуллоҳ: "Толибон" дигар баҳонае надорад
Доктор Абдуллоҳ: "Толибон" дигар баҳонае надорад
Sputnik Тоҷикистон
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи Афғонистон мегӯяд, "Толибон" дигар баҳонае надоранд
2021-05-27T14:35+0500
2021-05-27T14:35+0500
2021-05-27T14:35+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/16/1032503483_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_60af3ba861bda3563e2d286704c9685f.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Раиси шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон гуфт, ки бо берун рафтани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дигар Толибон (ҳаракати радикалӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) баҳонае барои идомаи ҷанг надоранд.Ба гузориши "Парс тудэй", Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи сешанбе дар дидор бо шуморе аз аъзои ҳайати музокиракунандаи давлат гуфт: "Барои гуфтугӯҳои сулҳ иҷмоъи дохилӣ шакл гирифта ва ҳамзамон басиҷи мардумӣ дар ҳимоят аз низом ва дастовардҳои ду даҳаи ахир вуҷуд дорад."Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон бо интиқод аз ҷангталабии Толибон (ҳаракати радикалӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) афзуд: "Ҷомеи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа тарафдори шаклгирии сулҳи пойдор дар Афғонистон ҳастанд ва бо хуруҷи қувваҳои хориҷӣ аз кишвар баҳонае барои идомаи ҷанги Толибон боқӣ намондааст." Дар ин дидор аъзои ҳайати музокиракунандаи давлат дар бораи охирин пешрафтҳо ва таҳаввулоти нишасти Дуҳа гузориш доданд ва аз идомаи гуфтугӯҳо дар рӯзҳои оянда сухани гуфтанд. Онон якҷонибагароӣ ва баҳонаҷӯии Толибонро монеъи аслии ба натиҷа расидани музокирот унвон карданд ва афзуданд, ки ин гурӯҳ тамоюле ба расидан ба тавофуқи сулҳ нишон намедиҳад ва аз мизи музокира фирор мекунад.Дар ду моҳи ахир ҳамалоти Толибон (ҳаракати радикалӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба мавозеъи нерӯҳои давлатӣ дар бештари вилоёти Афғонистон афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20210527/tolibon-tojikiston-neruho-1039781378.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/16/1032503483_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_54cd2c6bad91e0de9ed2cbdb92486408.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон толибон
Доктор Абдуллоҳ: "Толибон" дигар баҳонае надорад
Якҷонибагароӣ ва баҳонаҷӯии Толибонро монеъи аслии ба натиҷа расидани музокироти сулҳ гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Раиси шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон гуфт, ки бо берун рафтани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дигар Толибон (ҳаракати радикалӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) баҳонае барои идомаи ҷанг надоранд.
Ба гузориши "Парс тудэй", Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи сешанбе дар дидор бо шуморе аз аъзои ҳайати музокиракунандаи давлат гуфт: "Барои гуфтугӯҳои сулҳ иҷмоъи дохилӣ шакл гирифта ва ҳамзамон басиҷи мардумӣ дар ҳимоят аз низом ва дастовардҳои ду даҳаи ахир вуҷуд дорад."
Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон бо интиқод аз ҷангталабии Толибон (ҳаракати радикалӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) афзуд: "Ҷомеи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа тарафдори шаклгирии сулҳи пойдор дар Афғонистон ҳастанд ва бо хуруҷи қувваҳои хориҷӣ аз кишвар баҳонае барои идомаи ҷанги Толибон боқӣ намондааст."
Дар ин дидор аъзои ҳайати музокиракунандаи давлат дар бораи охирин пешрафтҳо ва таҳаввулоти нишасти Дуҳа гузориш доданд ва аз идомаи гуфтугӯҳо дар рӯзҳои оянда сухани гуфтанд.
Онон якҷонибагароӣ ва баҳонаҷӯии Толибонро монеъи аслии ба натиҷа расидани музокирот унвон карданд ва афзуданд, ки ин гурӯҳ тамоюле ба расидан ба тавофуқи сулҳ нишон намедиҳад ва аз мизи музокира фирор мекунад.
Дар ду моҳи ахир ҳамалоти Толибон (ҳаракати радикалӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба мавозеъи нерӯҳои давлатӣ дар бештари вилоёти Афғонистон афзоиш ёфтааст.