https://sputnik.tj/20210526/subhonzoda-darmond-va-guft-charo-parvozhoi-severniy-veter-laghv-shudand-1039768236.html
Субҳонзода назди дармондаҳо баромад: аз даъват ба оромӣ то ваъдаи ҳалли мушкилӣ
Субҳонзода назди дармондаҳо баромад: аз даъват ба оромӣ то ваъдаи ҳалли мушкилӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Агентии авиатсияи Тоҷикистон, Икром Субҳонзода ба назди издиҳоми мусофирон ҳозир шуд ва шарҳ дод, ки чаро "Северний ветер" то ҳол иҷозати парвозро нагирифтааст.
2021-05-26T18:42+0500
2021-05-26T18:42+0500
2021-05-26T21:11+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
муҳоҷират
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0f/1032826800_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_a7a23953a24fd55a6cc9656a6278af92.jpg
ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Имрӯз, 26 май дар назди фурудгоҳи байналмилалии Душанбе садҳо мусофирони ширкати ҳавоии "Северний ветер", ки натавонистанд рӯзҳои 18, 21, 22 ва 23 май ба шаҳрҳои Русия парвоз кунанд, ҷамъ омаданд.Ба гуфтаи онҳо, чанд рӯз аст, ки бо чиптаҳое, ки аз ширкати русии "Северний ветер" харидаанду бояд ба Русия парвоз мекарданд, наметавонанд парвоз кунанд.Ҳамчунин онҳо таъкид карданд, ки намояндагони ширкат сабаби лағви парвозро ба иҷозат надодани агентии авиатсия рабт додаанд.Дар ҳамин ҳол, раиси Агентии авиатсияи Тоҷикистон, Икром Субҳонзода ба назди издиҳоми мусофирон ҳозир шуд ва шарҳ дод, ки чаро "Северний ветер" то ҳол иҷозати парвозро нагирифтааст.Ҳамчунин ӯ тавзеҳ дод, ки "Северний ветер" танҳо дирӯз расман ва хаттӣ розигӣ дод, ки чиптаҳояшро на зиёдтар аз 500 доллар ба фурӯш мегузорад ва дубора дастхост кард, ки парвозҳоро агентӣ иҷозат диҳад.Ӯ ба суоли мусофирони зидё, ки ин иҷозати агентӣ кай дода мешавад гуфт, "дар наздиктарин фурсат".Ӯ аз сокинон даъват кард, ки "ба иғво дода нашаванд", "оромиро риоя кунанд" ва "аз пайи кори худ шаванд" ва агентӣ иловатан дар бораи барқарор шудани парвозҳои ин ширкат посух медиҳад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0f/1032826800_105:0:1242:853_1920x0_80_0_0_78bc2e1cba83954f59fc11798dd31057.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
икром субҳонзода, агентии авиатсия, северний ветер
икром субҳонзода, агентии авиатсия, северний ветер
Субҳонзода назди дармондаҳо баромад: аз даъват ба оромӣ то ваъдаи ҳалли мушкилӣ
18:42 26.05.2021 (Навсозишуда: 21:11 26.05.2021) Раиси Агентии авиатсияи Тоҷикистон ба назди мусофирони дармонда дар фурудгоҳи Душанбе баромад ва ба саволҳои онҳо посух гуфт
ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Имрӯз, 26 май дар назди фурудгоҳи байналмилалии Душанбе садҳо мусофирони ширкати ҳавоии "Северний ветер", ки натавонистанд рӯзҳои 18, 21, 22 ва 23 май ба шаҳрҳои Русия парвоз кунанд, ҷамъ омаданд.
Ба гуфтаи онҳо, чанд рӯз аст, ки бо чиптаҳое, ки аз ширкати русии "Северний ветер" харидаанду бояд ба Русия парвоз мекарданд, наметавонанд парвоз кунанд.
Ҳамчунин онҳо таъкид карданд, ки намояндагони ширкат сабаби лағви парвозро ба иҷозат надодани агентии авиатсия рабт додаанд.
Дар ҳамин ҳол, раиси Агентии авиатсияи Тоҷикистон, Икром Субҳонзода ба назди издиҳоми мусофирон ҳозир шуд ва шарҳ дод, ки чаро "Северний ветер" то ҳол иҷозати парвозро нагирифтааст.
"Мақсад аз бебаррасӣ мондани дархости баъзе ширкатҳо ба парвоз, танҳо як аст- паст кардани арзиши чипта", - гуфт вай.
Ҳамчунин ӯ тавзеҳ дод, ки "Северний ветер" танҳо дирӯз расман ва хаттӣ розигӣ дод, ки чиптаҳояшро на зиёдтар аз 500 доллар ба фурӯш мегузорад ва дубора дастхост кард, ки парвозҳоро агентӣ иҷозат диҳад.
Ӯ ба суоли мусофирони зидё, ки ин иҷозати агентӣ кай дода мешавад гуфт, "дар наздиктарин фурсат".
"Мо кӯшиш мекунем, ки дар доираи талаботи ҷорӣ дар наздиктарин фурсат ин масъала баррасӣ шавад ва қарори дахлдор қабул гардад", - афзуд вай.
Ӯ аз сокинон даъват кард, ки "ба иғво дода нашаванд", "оромиро риоя кунанд" ва "аз пайи кори худ шаванд" ва агентӣ иловатан дар бораи барқарор шудани парвозҳои ин ширкат посух медиҳад.