https://sputnik.tj/20210526/sharh-vukh--roh-nadodani-tojikiston-bishkek-1039750876.html
Тоҷикистон манъи вуруди шаҳрвандонашро ба Қирғизистон шарҳ дод
Тоҷикистон манъи вуруди шаҳрвандонашро ба Қирғизистон шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҷониби Қирғизистон ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр"-ро ба фурудгоҳи байналмилалии Бишкек бидуни огоҳиномаи расмӣ ё пешакӣ ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр"-ро қабул накардааст.
2021-05-26T13:50+0500
2021-05-26T13:50+0500
2021-06-10T13:43+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
ҳавопаймо
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103094/24/1030942444_0:60:1201:735_1920x0_80_0_0_2d9b09f5d601b9e98f8ed4b5a3f1194a.jpg
ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҷониби Қирғизистон ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр"-ро ба фурудгоҳи байналмилалии Бишкек бидуни огоҳиномаи расмӣ ё пешакӣ ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр"-ро қабул накардааст.Ёдрас мешавем, пештар расонаҳо аз банд мондани шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи "Манас" - и Бишкек хабар доданд.Гуфта мешуд, мақомоти Қирғизистон ба 300 мусофири тоҷик дар фурудгоҳи Бишкек иҷозаи идомаи сафар надодаанд.Ҳамин тавр, 200 нафар аз ин мусофирон бо ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" ба Бишкек омада ва қарор буд ба Русия парвоз кунанд ва ҳамчунин 100 мусофири дигар аз Русия ба Қирғизистон ворид шуда, қасд доштанд ба Тоҷикистон раванд.Идораи ҳавопаймоии шаҳрвандии Тоҷикистон низ гуфтааст, ки дар бораи баста шудани марзи Тоҷикистону Қирғиистон иттилоъ надорад.Ин дар ҳолест, ки рӯзи 24 май нахуствазири Қирғизистон Улуғбек Марупов дар сафар ба ноҳияи Чонолойи вилояти Ош дар марз бо ноҳияи Лахши Тоҷикистон эълом кард, ки то ҳаллу фасли мушкили аломатгузории марзи ду кишвар, тамоми гузаргоҳҳои марзӣ баста боқӣ хоҳад монд.Ҳукумати Қирғизистон низ дар баёнияе таъкид кардааст, ки рафту омад аз марз бо Тоҷикистон танҳо барои кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои ду кишвар ва аъзои хонаводаҳои онон, кормандони ниҳодҳои хориҷӣ ва мақомоти расмии Душанбе ва Бишкек бо ҳамоҳангии қаблӣ имконпазир аст.Ёдовар мешавем, 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зад.Нофаҳмиҳо нахуст аз сангандозӣ оғоз ёфту сипас ба тирпаррониву задухӯрдҳои шадид гузашт.Сабаби таниши ахири марзӣ тақсимоти оби “Головной” гуфта мешавад.Бар асари даргириҳо даҳҳо нафар аз ҳар ду ҷониб кушта ва садҳои дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳоло вазъият мӯътадил арзёбӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20210526/qirghiziston-dar-borai-roh-nadodani-shahrvandoni-tojikiston-1039745071.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103094/24/1030942444_0:0:1067:800_1920x0_80_0_0_a7ba78b80925c904ee8f7757e2d46584.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, парвоз, бишкек
тоҷикистон, қирғизистон, парвоз, бишкек
Тоҷикистон манъи вуруди шаҳрвандонашро ба Қирғизистон шарҳ дод
13:50 26.05.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон манъи вуруди шаҳрвандонашро ба Бишкек шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҷониби Қирғизистон ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр"-ро ба фурудгоҳи байналмилалии Бишкек бидуни огоҳиномаи расмӣ ё пешакӣ ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр"-ро қабул накардааст.
"ВУХ аз Қирғизистон дар бораи он ки хатсайри Душанбе-Бишкекро қабул намекунад, ягон маълумоте надодааст. Дар Ин масъала ҷониби Қирғизистон ба мо ягон маълумоти расмиеро пешниҳод накардааст", - изҳор доштааст Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ёдрас мешавем, пештар расонаҳо аз банд мондани шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи "Манас" - и Бишкек хабар доданд.
Гуфта мешуд, мақомоти Қирғизистон ба 300 мусофири тоҷик дар фурудгоҳи Бишкек иҷозаи идомаи сафар надодаанд.
Ҳамин тавр, 200 нафар аз ин мусофирон бо ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" ба Бишкек омада ва қарор буд ба Русия парвоз кунанд ва ҳамчунин 100 мусофири дигар аз Русия ба Қирғизистон ворид шуда, қасд доштанд ба Тоҷикистон раванд.
Идораи ҳавопаймоии шаҳрвандии Тоҷикистон низ гуфтааст, ки дар бораи баста шудани марзи Тоҷикистону Қирғиистон иттилоъ надорад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 24 май нахуствазири Қирғизистон Улуғбек Марупов дар сафар ба ноҳияи Чонолойи вилояти Ош дар марз бо ноҳияи Лахши Тоҷикистон эълом кард, ки то ҳаллу фасли мушкили аломатгузории марзи ду кишвар, тамоми гузаргоҳҳои марзӣ баста боқӣ хоҳад монд.
Ҳукумати Қирғизистон низ дар баёнияе таъкид кардааст, ки рафту омад аз марз бо Тоҷикистон танҳо барои кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои ду кишвар ва аъзои хонаводаҳои онон, кормандони ниҳодҳои хориҷӣ ва мақомоти расмии Душанбе ва Бишкек бо ҳамоҳангии қаблӣ имконпазир аст.
Ёдовар мешавем, 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зад.
Нофаҳмиҳо нахуст аз сангандозӣ оғоз ёфту сипас ба тирпаррониву задухӯрдҳои шадид гузашт.
Сабаби таниши ахири марзӣ тақсимоти оби “Головной” гуфта мешавад.
Бар асари даргириҳо даҳҳо нафар аз ҳар ду ҷониб кушта ва садҳои дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳоло вазъият мӯътадил арзёбӣ мешавад.