Аз сайёҳӣ то нафт: мулоқоти Зубайдзода бо мақомдорони Ироқ

© ВКХ ТоҷикистонЗубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ, бо Асъад ал-Идонӣ, раиси музофоти Басраи Ироқ
Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ, бо Асъад ал-Идонӣ, раиси музофоти Басраи Ироқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Ироқ бо роҳбари музофоти Басра густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногунро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ, бо Асъад ал-Идонӣ, раиси музофоти Басраи Ироқ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
“Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, фарҳанг ва сайёҳиро баррасӣ карданд”, - омадааст дар иттилоия.
ВУХ афзуд, Асъад ал-Идонӣ алоқамандиашро барои фароҳам овардани имкониятҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар ҳама соҳаҳои мавриди эҳтимом изҳор кард.
Зубайдзода дар доираи ин сафари корияш инчунин бо мдири кулли Ширкати нафтии Басра мулоқот кардааст. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нафт баррасӣ гардиданд.
Портрет лидера ИГ* Абу Бакра аль-Багдади сжигают во время демонстрации в Индии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2020
Дар Ироқ яке аз саркардаҳои ДОИШ боздошт шуд
Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ, бо қароргоҳаш дар ал-Кувайт қаблан дар мулоқотҳо аз бозгардондани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан гуфт, ки дар урдугоҳу боздоштгоҳҳои Ироқ нигоҳдорӣ мешаванд. Дар қатори онҳое, ки дар урдугоҳҳо нигоҳдорӣ мешаванд.
Соли 2018 бо мусоидати Зубайдулло Зубайдзода беш аз 80 кӯдаки тоҷикистонӣ, ки дар боздоштгоҳҳои Ироқ нигоҳдорӣ мешуданд, ба Ватан баргардонда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0