Баргузории нахустин машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Урдун

Ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Ҳошимии Урдун
Ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Ҳошимии Урдун - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Обуна шудан
Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Урдун нахустин машваратҳои саёсӣ баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Нахустин даври машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Урдун дар шакли видеоконференсия баргузор шуд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳайати ҷониби Тоҷикистонро муовини сардори Раёсати кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Муҳаммадӣ намояндагӣ кардааст.
Окна в новом здании, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2019
Асосиатсияҳои сохтмончиёни Тоҷикистону Урдун Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд  
Ҷониби Урдунро сардори Раёсати Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Урдун доктор Молик ат-Тавол роҳбарӣ намудааст.
Дар ройзаниҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Урдун дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ баррасӣ шудааст.
Ҳамчунин сиёсатмадорон атрофи муносиботи ду кишвар дар соҳаҳои саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор кардаанд.
Ёдрас мешавем, ки ҳанӯз моҳи апрели соли 2019 ҳайати соҳибкорону намояндагони Урдун бо роҳбарияти кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, сохтмон ва меъморӣ, Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон мулоқот карда оид ба ҳамкорӣ "Ёддошти тафоҳум" имзо карданд.
Лентаи хабарҳо
0