https://sputnik.tj/20210526/hushdori-ozhonsi-havoshinos-selhezi-1039743311.html
Ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз боришоти зиёд ва селхезӣ: кадом минтақа дар хатар
Ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз боришоти зиёд ва селхезӣ: кадом минтақа дар хатар
Sputnik Тоҷикистон
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон аз эҳтимоли боришоти зиёди борон ва селхезӣ дар Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
2021-05-26T10:24+0500
2021-05-26T10:24+0500
2021-07-29T16:35+0500
дар тоҷикистон
таҳдид
боду ҳаво
иҷтимоъ
сел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102862/48/1028624860_0:177:1920:1257_1920x0_80_0_0_55359838babd6b7d474a7a3c95293d42.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Ожонси ҳавшиносии Тоҷикистон аз боришоти зиёд ва омадани сел ҳушдор дода гуфт, ба кадом минтақаҳо хатар бештар таҳди мекунад.Рӯзҳои 26-27 май дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бар асари бориши зиёди борон, ба амал омадани сел аз эҳтимол дур нест.Ёдовар мешавем, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар бархе аз навоҳии вилояти Суғд ва Хатлон раъду барқ ба амал меояд, дар шарқи ВМКБ барф меборад. Ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.Ҳаво дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.Дар вилояти Хатлон низ ҳаво тағйирёбанда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.Ҳаво дар шаҳру навоҳии тобеи марказ дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳри Душанбе ҳаво шабона 14+16 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 11 май дар пайи боронгариҳои шадид як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз сел хароб шуд. Мувофиқи маълумоти пешакии КҲФ, дар паи фаромадани сел 9 кас ҷони худро аз даст дод.Ҳамин тавр, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд.Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрвандон фавтиданд, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷрои селоба пайдо карда шуд.Дар баробари ин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст.
https://sputnik.tj/20210514/10-tavsiyai-khf-baroi-najot-az-sel-1039438392.html
https://sputnik.tj/20210526/boronu-barf-hawo-tojikiston-1039741960.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102862/48/1028624860_0:0:1920:1440_1920x0_80_0_0_02a6583ff0234d2db4865285812e8146.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, селхезӣ, бориши борон, бошиддат
ҳушдор, селхезӣ, бориши борон, бошиддат
Ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз боришоти зиёд ва селхезӣ: кадом минтақа дар хатар
10:24 26.05.2021 (Навсозишуда: 16:35 29.07.2021) Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон аз эҳтимоли боришоти зиёди борон ва селхезӣ дар Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Ожонси ҳавшиносии Тоҷикистон аз боришоти зиёд ва омадани сел ҳушдор дода гуфт, ба кадом минтақаҳо хатар бештар таҳди мекунад.
Рӯзҳои 26-27 май дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бар асари бориши зиёди борон, ба амал омадани сел аз эҳтимол дур нест.
"Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад", - хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар бархе аз навоҳии вилояти Суғд ва Хатлон раъду барқ ба амал меояд, дар шарқи ВМКБ барф меборад.
Ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳаво тағйирёбанда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳру навоҳии тобеи марказ дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво шабона 14+16 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 11 май дар пайи боронгариҳои шадид як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз сел хароб шуд. Мувофиқи маълумоти пешакии КҲФ, дар паи фаромадани сел 9 кас ҷони худро аз даст дод.
Ҳамин тавр, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрвандон фавтиданд, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷрои селоба пайдо карда шуд.
Дар баробари ин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст.