https://sputnik.tj/20210526/gusfand-hisori--ihtilofottojikon-qirghizho-1039749008.html
Гӯсфандҳои ҳисорӣ аз кист? ихтилофоти ҷадид байни тоҷикон ва қирғизҳо
Гӯсфандҳои ҳисорӣ аз кист? ихтилофоти ҷадид байни тоҷикон ва қирғизҳо
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону аз Қирғизистон талаб кардааст, ки истифодаи зоти ҳисориро дар парвариши зоти нав дар кишвар эътироф кунад
2021-05-26T13:21+0500
2021-05-26T13:21+0500
2021-05-26T13:52+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
қирғизистон
кишоварзӣ
гӯсфанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101683/04/1016830441_0:328:3888:2515_1920x0_80_0_0_24750cedcd02f2aec4c296722f25203c.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар миёнаи ихтилофоти марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон акнун мавзӯи ҷадиде мӯҷиби муҷодилаи олимони ду кишвар шудааст.Олимони соҳаи чорводорӣ дар Тоҷикистон ба даъвои ҷониби Қирғизистон оид ба зоти нави гӯсфандон бо номи Арашан эътироз карданд."Гӯсфандони зоти ҳисорӣ ба миллати тоҷик тааллуқ дорад ва ифтихори мардуми тоҷик мебошад. Мо меҳнати олимон, фермерҳои кишвари ҳамсояро, ки такмили зотҳои мавҷуда ва парвариши зотҳои нав аз гӯсфандҳои ҳисорӣ истифода мебаранд, эҳтиром мекунем ва истиқбол мегирем",- омадааст дар изҳороти олимони тоҷик, ки дар сайти Вазорати кишоварзӣ нашр шудааст.Тоҷикон ба ин боваранд, ки гӯсфандони мавриди иддаои қирғизҳо як намуди гӯсфандонанд, ки соли 1977 барои парвариш аз Тоҷикистон ба Қирғизистон интиқол дода шудаанд."Гӯсфандони зоти ҳисорӣ ба миллати тоҷик тааллуқ дорад ва ифтихори мардуми тоҷик мебошад", - таъкид кардаанд онҳо.Гӯсфанди ҳисорӣ сирфан барои гӯшт парвариш дода мешавад. Вазни ин навъи гӯсфанд дар яксолагӣ ба 80 килограм ва дар сесолагӣ ба 200 килограм мерасад ва қади он низ як метр мешавад.Ин гӯсфанд дар соли 1989 дар Комитеи давлатии ихтирооти Шуравии собиқ ба номи Тоҷикистон расман сабт шуда ва бар асоси тавофуқи кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд мебоист Қирғизистон тарафи Тоҷикистонро аз беҳбуди навъи ин чорводорӣ бохабар мекард. Дар Тоҷикистони чандини пажӯҳишгоҳи беҳбуди навъи гӯсфанди ҳисорӣ фаъолият мекунад ва гуфта мешавад, ки то ба ҳол дар ин мавзӯъ, 15 нафар аз рисолаҳои докторӣ дифо кардаанд. Донишмандони тоҷик дар шароити шиддат гирифтани ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҳамтоёни қирғизи хеш дархост кардаанд, ки асли тоҷикӣ будани гӯсфанди ҳисорӣ ва бар асоси он беҳбуди навъи қирғизиаш мавсӯм ба "Аршан"-ро расман эътироф кунанд.
https://sputnik.tj/20190701/gusfand-hisor-qighiz-tojik-1029300856.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101683/04/1016830441_0:0:3584:2688_1920x0_80_0_0_f3fb0a39f20699833892eadc2542e266.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон қирғизистон гӯсфанд
тоҷикистон қирғизистон гӯсфанд
Гӯсфандҳои ҳисорӣ аз кист? ихтилофоти ҷадид байни тоҷикон ва қирғизҳо
13:21 26.05.2021 (Навсозишуда: 13:52 26.05.2021) Дар Тоҷикистони чандини пажӯҳишгоҳи беҳбуди навъи гӯсфанди ҳисорӣ фаъолият мекунад
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар миёнаи ихтилофоти марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон акнун мавзӯи ҷадиде мӯҷиби муҷодилаи олимони ду кишвар шудааст.
Олимони соҳаи чорводорӣ дар Тоҷикистон ба даъвои ҷониби Қирғизистон оид ба зоти нави гӯсфандон бо номи Арашан эътироз карданд.
"Гӯсфандони зоти ҳисорӣ ба миллати тоҷик тааллуқ дорад ва ифтихори мардуми тоҷик мебошад. Мо меҳнати олимон, фермерҳои кишвари ҳамсояро, ки такмили зотҳои мавҷуда ва парвариши зотҳои нав аз гӯсфандҳои ҳисорӣ истифода мебаранд, эҳтиром мекунем ва истиқбол мегирем",- омадааст дар изҳороти олимони тоҷик, ки дар сайти Вазорати кишоварзӣ нашр шудааст.
Тоҷикон ба ин боваранд, ки гӯсфандони мавриди иддаои қирғизҳо як намуди гӯсфандонанд, ки соли 1977 барои парвариш аз Тоҷикистон ба Қирғизистон интиқол дода шудаанд.
"Гӯсфандони зоти ҳисорӣ ба миллати тоҷик тааллуқ дорад ва ифтихори мардуми тоҷик мебошад", - таъкид кардаанд онҳо.
Гӯсфанди ҳисорӣ сирфан барои гӯшт парвариш дода мешавад.
Вазни ин навъи гӯсфанд дар яксолагӣ ба 80 килограм ва дар сесолагӣ ба 200 килограм мерасад ва қади он низ як метр мешавад.
Ин гӯсфанд дар соли 1989 дар Комитеи давлатии ихтирооти Шуравии собиқ ба номи Тоҷикистон расман сабт шуда ва бар асоси тавофуқи кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд мебоист Қирғизистон тарафи Тоҷикистонро аз беҳбуди навъи ин чорводорӣ бохабар мекард.
Дар Тоҷикистони чандини пажӯҳишгоҳи беҳбуди навъи гӯсфанди ҳисорӣ фаъолият мекунад ва гуфта мешавад, ки то ба ҳол дар ин мавзӯъ, 15 нафар аз рисолаҳои докторӣ дифо кардаанд.
Донишмандони тоҷик дар шароити шиддат гирифтани ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҳамтоёни қирғизи хеш дархост кардаанд, ки асли тоҷикӣ будани гӯсфанди ҳисорӣ ва бар асоси он беҳбуди навъи қирғизиаш мавсӯм ба "Аршан"-ро расман эътироф кунанд.