Даъвати Познер барои муттаҳидшавии Русия ва ИМА алайҳи Чин

© Sputnik / Игорь Руссак / Гузариш ба медиабонкЖурналист и телеведущий Владимир Познер
Журналист и телеведущий Владимир Познер  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2021
Обуна шудан
Дар 20 соли оянда, Чин метавонад қудрати рақами як шавад ва ҷаҳонро маҷбур кунад, ки бо қоидаҳои ӯ бозӣ кунад: ба ин кишвар бояд имрӯз муқовимат кард
ДУШАНБЕ, 25 май - Sputnik. Владимир Познер Русия ва Иёлоти Муттаҳидаро даъват кард, ки бо қудрати афзояндаи Чин муқовимат кунанд. Дар ин бора журналист дар торномааш навиштааст.
"Чин, албатта, дар ҷаҳон - аз ҷиҳати иқтисодӣ дар ҷои аввал баромада истодааст ва дарки оқибатҳои он ҳатто душвор аст", - таъкид кард ровии телевизион.
Тибқи гуфти Познер, ҷаҳонбинии чиниҳо аз аврупоӣ ва аз масеҳиёни ҷаҳон ба куллӣ фарқ мекунад. Ин фарҳанги дигар ва дарки дигар дар бораи ҳаёти инсон аст.
Ровии телевизион қайд кард, ки аз Чин ҳарос дорад, ки то соли 2040 метавонад ҳукмронии ҷаҳонро ба даст орад.
Журналист кишварҳо ва созмонҳоеро номбар кард, ки ба нуфузи афзояндаи Чин метавонанд муқовимат кунанд. Ҳамин тавр ба гуфти ровии телевизион, Иттиҳоди Урупо метавонад ба қудрати афзоянда муқовимат нишон диҳад.
Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
ИМА мехоҳад дубора ба ҳама ҳаёт омӯзад. Русия ва Чин аввал даъват шудаанд
Русия ва ИМА метавонанд бар зидди Чин мубориза баранд. Познер изҳори таассуф кард, ки дар ҳоли ҳозир Федератсияи Русия ҳарчӣ бештар ба сӯи Чин рӯй оварда истодааст ва дар ин масъала ба Амрико наздик шудан намехоҳад. Ба гуфтаи ӯ, Русия як кишвари аврупоӣ аст, ҳарчанд қисми зиёди он дар Осиё ҷойгир аст.
Ҳукмронии ҷаҳонии Чин барояшон саҳл нахоҳад буд, таъкид кард ровии телевизион.
Хотиррасон мекунем, ки Познер бо ақидаҳои зидди чинии худ маъруф аст.
Вай чанде пеш эълом дошт, ки дар ҷаҳон танҳо ду кишвар ҳастанд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ ба он ҷо нахоҳад рафт. Ба гуфтаи Познер, инҳо Чин ва Куреи Шимолӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0