https://sputnik.tj/20210525/ia-nizo-marz-tojikiston-qirghiziston-1039740166.html
ИА мегӯяд, низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо кӯмаки ҳамсояҳо ҳал шуд
ИА мегӯяд, низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо кӯмаки ҳамсояҳо ҳал шуд
Sputnik Тоҷикистон
Низоъ дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон на танҳо дар сатҳи дуҷониба, балки тавассути музокироти раҳбарони ҳамаи кишварҳои минтақа ҳал шуд, гуфт намояндаи махсуси ИА дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан.
2021-05-25T21:00+0500
2021-05-25T21:00+0500
2021-05-28T16:19+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
қирғизистон
иа
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1e/1039178540_97:0:1642:869_1920x0_80_0_0_513a33736f17e3e8a9685caaca1b707a.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май - Sputnik. Низоъ дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон на танҳо дар сатҳи дуҷониба, балки тавассути музокироти раҳбарони ҳамаи кишварҳои минтақа ҳал шуд, гуфт намояндаи махсуси ИА дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан. Намояндаи махсуси ИА қайд кард, ки муноқиша дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон на танҳо зарурати делимитатсия ва демаркатсиякунии сарҳадҳоро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки ҳалли масъалаҳои истифодаи муштараки захираҳои об ва рушди савдои ҳуқуқии минтақаро дарбар дошт.Ӯ гуфт, ин муноқишаҳо ҳушдорест, ки зуд бояд ҳалли худро пайдо кунанд. Ба таъкиди Буриан, Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки ёрии техникӣ расонад.Ҳамчунин сиёсатмадор зикр намуд, ки барои ИА устувории ин минтақа хеле муҳим аст. Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонВазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
https://sputnik.tj/20210525/marzbandi-qirghiziston-tojikiston--ubur-1039709525.html
қирғизистон
иа
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1e/1039178540_290:0:1449:869_1920x0_80_0_0_65322479a7e10d9d6398b868b674ca66.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иа, қирғизистон, тоҷикистон, низоъ
иа, қирғизистон, тоҷикистон, низоъ
ИА мегӯяд, низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо кӯмаки ҳамсояҳо ҳал шуд
21:00 25.05.2021 (Навсозишуда: 16:19 28.05.2021) Иттиҳоди Аврупо бар ин бовар аст, ки низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо шарофати ҳамсоя ҳал шуд
ДУШАНБЕ, 25 май - Sputnik. Низоъ дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон на танҳо дар сатҳи дуҷониба, балки тавассути музокироти раҳбарони ҳамаи кишварҳои минтақа ҳал шуд, гуфт намояндаи махсуси ИА дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан.
"Ман ба ин хушбинона менигарам. Зеро равандҳое, ки қаблан натиҷа надоданд, ҳоло сар заданд. Роҳбарони минтақа хеле зуд бо ҷонибҳои муноқиша тамос гирифтанд. Онҳо ҳалли мусолиматомезро ҷонибдорӣ карданд, розӣ шуданд, ки ҳаргуна ҷангҳоро зуд қатъ кунанд", - гуфт Буриан.
Намояндаи махсуси ИА қайд кард, ки муноқиша дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон на танҳо зарурати делимитатсия ва демаркатсиякунии сарҳадҳоро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки ҳалли масъалаҳои истифодаи муштараки захираҳои об ва рушди савдои ҳуқуқии минтақаро дарбар дошт.
Ӯ гуфт, ин муноқишаҳо ҳушдорест, ки зуд бояд ҳалли худро пайдо кунанд. Ба таъкиди Буриан, Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки ёрии техникӣ расонад.
Ҳамчунин сиёсатмадор зикр намуд, ки барои ИА устувории ин минтақа хеле муҳим аст.
Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.