https://sputnik.tj/20210525/donishgohho-tojikiston-qabul-donishjuyon-ziyod-1039723193.html
Дар донишгоҳҳои Тоҷикистон қабули донишҷӯён зиёд мешавад
Дар донишгоҳҳои Тоҷикистон қабули донишҷӯён зиёд мешавад
Sputnik Тоҷикистон
қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳои кишвар дар соли хониши ҷорӣ нисбат ба соли 2019 1,3% зиёд мешавад.
2021-05-25T14:50+0500
2021-05-25T14:50+0500
2021-05-25T14:50+0500
дар тоҷикистон
маориф
донишгоҳ
донишҷӯ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032793023_0:173:3031:1877_1920x0_80_0_0_183f85c0ab80c5cc663ec931901659de.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май - Sputnik. Дар Тоҷикистон шумораи ҷойҳо дар мактабҳои олӣ зиёд карда мешавад. Ҳамин тариқ, қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳои кишвар дар соли хониши ҷорӣ нисбат ба соли 2019 1,3% зиёд мешавад. Тибқи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023, қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 57 ҳазору 468 нафар ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 12 ҳазору 317 донишҷӯ аз ҳисоби буҷаи давлат таҳсил хоҳанд кард. То соли 2023 шумораи донишҷӯёни донишгоҳҳо ба 59.789 донишҷӯ хоҳад расид.Қаблан, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, насли ҷавони ҷумҳуриро бо Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, қайд карда буд, ки шумораи курсҳои касбомӯзӣ то соли 2025 дар кишвар зиёд карда мешавад.Вай инчунин гуфт, ки дар соли нави таҳсил стипендия барои донишҷӯён дар Тоҷикистон сеяк зиёд карда мешавад.
https://sputnik.tj/20210522/navor-purra-muloqot-emomali-rahmon-javonon-1039660426.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032793023_149:0:2880:2048_1920x0_80_0_0_b1d0af4c21b92606ee4fce58f98a146b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қаблул, донишгоҳ, донишҷӯ
тоҷикистон, қаблул, донишгоҳ, донишҷӯ
Дар донишгоҳҳои Тоҷикистон қабули донишҷӯён зиёд мешавад
Имсол қабули донишҷӯён дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ба андозаи 1,3 дарсад зиёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 25 май - Sputnik. Дар Тоҷикистон шумораи ҷойҳо дар мактабҳои олӣ зиёд карда мешавад.
Ҳамин тариқ, қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳои кишвар дар соли хониши ҷорӣ нисбат ба соли 2019 1,3% зиёд мешавад.
Тибқи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023, қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 57 ҳазору 468 нафар ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла, 12 ҳазору 317 донишҷӯ аз ҳисоби буҷаи давлат таҳсил хоҳанд кард.
То соли 2023 шумораи донишҷӯёни донишгоҳҳо ба 59.789 донишҷӯ хоҳад расид.
Қаблан, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, насли ҷавони ҷумҳуриро бо Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, қайд карда буд, ки шумораи курсҳои касбомӯзӣ то соли 2025 дар кишвар зиёд карда мешавад.
Вай инчунин гуфт, ки дар соли нави таҳсил стипендия барои донишҷӯён дар Тоҷикистон сеяк зиёд карда мешавад.