Бо парчами Тоҷикистон ва шиори "Дар ёди падар": Саева кӯдакони Африқоро бо об таъмин кард

© Youtube / Dina SaevaДиана Саева в ЦАР
Диана Саева в ЦАР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Обуна шудан
Гаронарзиштарин блогери Русия, Дина Саева орзуи кӯдакии худро амалӣ кард. Ӯ ба Африқо рафту кӯдаконро биринҷ хӯронд
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Маликаи Tik Tok, блогери русиягӣ ва зодаи Тоҷикистон Дина Саева, ки аз хурдӣ орзуи сафар ба Африқоро дошт, ҳамакнун ин орзуи худро амалӣ кард.
Ӯ дар сафҳаи Instagram аксҳои муштарак бо кӯдакони Банҷии Африқои Марказиро нашр намуда, аз амали шудани орзуи деринаи худ хабар дод.
Саева кӯдакони африқоро хӯрок хӯронду ҳамчунин чоҳи обрасониро барои онҳо сохт.
Ин иқдоми хайрхоҳонаи худро блогери машҳур ба хотири арвоҳи падари худ бахшидааст.
Дар аксҳое, ки Саева нашр намудааст, парчами Тоҷикистону Африқо ва ҳамчунин навиштаҷоти "Дар ёди падар" намоён аст.
"На танҳо орзуи ман ва иҷрои он, балки инчунин сохтани чоҳ барои яке аз минтақаҳои камбизоати Бунҷиӣ дар рӯзҳои охир ба як воқеаи муҳим дар зиндагии ман табдил ёфт", - навиштааст Саева дар зери аксҳо.
Чанде пеш, Саева дар сафҳаи худ навореро ҷо дод, ки аз фоҷиаи хонаводаи худ қисса мекард.
Дина дар ин навор аз номи ровӣ якчанд ҳодисаҳои фоҷиабори ҳаёти худро нақл кард, ки бо даргузашти шахси наздиктарин - падараш, аз даст додани бародари дар батни модараш буда ва депрессияи пас аз ин ҳодисаҳо, алоқаманд аст.
Ӯ пас аз даргузашти падар ва пайдо накардани имкони иштирок дар маросими дафн, гирифтори "дипрессия" шуд ва ҳатто хост худкушӣ кунад.
Дар поёни ин навор, Дина чунин паёмро қироат намуд:

Ман зиндагӣ мекунам, ва барои ҳаёт шодӣ менамоям. Атрофи ман дар воқеъ одамони хуби зиёде ҳастанд, ки омодаанд доим маро дастгирӣ кунанд. Маро натанҳо аъзои оилаам дӯст медорад, маро аудиторияи бузургам низ дӯст медорад

Дина Саева ҳамагӣ 21 сол дорад ва яке аз сердаромадтарин блогер дар Русия ба ҳисоб меравад. Шумораи ҳамвандони Саева аз марзи 7 миллион нафар гузаштааст.
Ӯ зодаи Тоҷикистон буда, дар айёми хурдсолӣ бо хонаводаи худ аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтанд ва ҳоло дар Русия иқомат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0