Рустами Эмомалӣ барои сохтани мактаби ҷадиди русӣ 2 гектар ҷудо кард

© Мэрия города ДушанбеРустам Эмомали
Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Обуна шудан
Ин мактаб бо имкони пазириши ҳазору 200 донишомӯз ҳамонанди 4 мактаби русии дигар бо сармояи ҳукумати Русия сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Ҳукумати Душанбе барои сохтани як мактаби русӣ 2 гектар замин вогузор кард.
Дар бораи дастури вижаи раиси шаҳр дар ин бора "Парс тудэй" гузориш медиҳад.
"Шаҳрдори Душанбе барои сохти мадрасаи ҷадиди русӣ дар пойтахти Тоҷикистон замини 2 гектарӣ ихтисос дод", - менависад манбаъ.
Турсунзаде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Оғози сохтмони мактаби русӣ барои 1,2 ҳазор хонанда дар шаҳри Турсунзода
Гуфта мешавад, "бо дастури Рустами Эмомалӣ ин мактаби русӣ дар маҳаллаи Зарафшон дар ғарби шаҳри Душанбе сохта хоҳад шуд".
Ин мактаб бо имкони пазириши ҳазору 200 донишомӯз ҳамонанди 4 мактаби русии дигар бо сармояи ҳукумати Русия дар моҳи сентябри соли 2022 ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.
Барои сохти ҳар як аз 5 мадрасаи ҷадид, ки бо барномаи омӯзишии Вазорати улуми Русия фаъолият хоҳанд кард як миллиарду 200 миллион рубли русӣ ҳазина мешавад.
Ин 5 мактаб бо ҳадафи тарвиҷи забон ва фарҳанги русӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Душанбе, Бохтар, Турсунзода ва Кӯлоб сохта мешавад ва ҳукумати Русия мутаъаҳҳид шудааст, ки омӯзгорон ва таҷҳизоти мавриди ниёзи ин мактабҳоро низ таъмин кунад.
Сохти нахустин мактаб аз ин тарҳ чанде қабл дар шаҳри Турсунзода дар ғарби Тоҷикистон оғоз шуд.
Ёдрас мешавем, пештар Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, ки дар Душанбе қарор дорад, замони бунёди 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистонро гуфта буд.
Студенты на лекции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Оғози бақайдгирӣ барои таҳсили ройгон дар Маскав: чанд бурсия ва чӣ шартҳо
Русия ва Тоҷикистон қасд доранд дар моҳи июн ба бунёди панҷ мактаби нав дар ҷумҳурӣ шурӯъ кунанд, иттилоъ дода буд вай.
"Лоиҳаи сохтани панҷ мактаб дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, ки дар он ҷо таълим тибқи стандартҳои таҳсилоти Русия ба роҳ монда мешавад", - афзуд Лавров.
Вай инчунин афзуд, ки тибқи нақшаҳо, мактаббачагони тоҷик метавонанд аз моҳи сентябри соли оянда таҳсилро дар ин макотиб оғоз кунанд.
Путин омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистонро нокифоя хонд
Хотиррасон мекунем, ки Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи маориф лоиҳаҳои гуногунро амалӣ мекунанд.Ҳамин тавр, имрӯз дар Тоҷикистон 50 омӯзгори рус аз 18 минтақа кор мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0