https://sputnik.tj/20210524/putin-masala-marz-tojikiston-qirghiziston-kumak-1039700709.html
Путин гуфт, ба Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз ҳамаҷониба кумак мекунад
Путин гуфт, ба Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз ҳамаҷониба кумак мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷараёни музокирот Путин гуфт, ки ҳама чизи имконпазирро ба харҷ хоҳад дод, то Қирғизистон ва Тоҷикистон танҳо бо роҳи музокирот ҳамаи масъалаҳои марзиро ҳал кунанд.
2021-05-24T16:43+0500
2021-05-24T16:43+0500
2021-06-10T13:43+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
владимир путин
сочӣ
дар русия
содир ҷабборов
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/16/1039658839_0:0:3039:1710_1920x0_80_0_0_affb22c34db5791adb9d1f7e471666d0.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Дар ҷараёни музокирот Путин гуфт, ки ҳама чизи имконпазирро ба харҷ хоҳад дод, то Қирғизистон ва Тоҷикистон танҳо бо роҳи музокирот тамоми масъалаҳои марзиро ҳал кунанд. Роҳбари Русия ҳамчунин илова кард, ки вазъият дар марзи ин ду кишварро ҷиддан назорат мекунад.Ҳамзамон, Содир Ҷабборов кишвардори Қирғизистон ба Владимир Путин бобати таваҷҷӯҳи ӯ ба вазъи марз миёни Қирғизистону Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард.Тавре қаблан дар хадамоти матбуоти Кремл хабар дода шуд, дар музокирот роҳбарони Русия ва Қирғизистон баррасии масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ ва иттифоқ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи иттиҳодияҳои интегратсионӣ дар фазои АвруОсиёро ба нақша гирифтаанд.
https://sputnik.tj/20210521/putin-jabborov-sarhad-tojikistonu-qirghiziston-1039636196.html
сочӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/16/1039658839_58:0:2789:2048_1920x0_80_0_0_15ea9743b5ab0ef20806bd70f5d4518c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, русия, содир ҷабборов, марз, тоҷикистон, кумак
владимир путин, русия, содир ҷабборов, марз, тоҷикистон, кумак
Путин гуфт, ба Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз ҳамаҷониба кумак мекунад
16:43 24.05.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Дар шаҳри Сочӣ музокироти президенти Русия Владимир Путин ва раиси ҷумҳури Қирғизистон, Содир Ҷабборов ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Дар ҷараёни музокирот Путин гуфт, ки ҳама чизи имконпазирро ба харҷ хоҳад дод, то Қирғизистон ва Тоҷикистон танҳо бо роҳи музокирот тамоми масъалаҳои марзиро ҳал кунанд.
Роҳбари Русия ҳамчунин илова кард, ки вазъият дар марзи ин ду кишварро ҷиддан назорат мекунад.
"Мо мефаҳмем, ки ин бо зиндагии одамони мушаххас алоқаманд аст ва пеш аз ҳама, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи мардум фикр мекунанд. Аммо мо бояд роҳи ҳалли чунин мушкилотро пайдо кунем, то он дарозмуддат бошад ва ба манфиатҳои ҳарду кишвар ҷавобгӯ бошад", - таъкид намудааст президенти Русия.
Ҳамзамон, Содир Ҷабборов кишвардори Қирғизистон ба Владимир Путин бобати таваҷҷӯҳи ӯ ба вазъи марз миёни Қирғизистону Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард.
Тавре қаблан дар хадамоти матбуоти Кремл хабар дода шуд, дар музокирот роҳбарони Русия ва Қирғизистон баррасии масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ ва иттифоқ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи иттиҳодияҳои интегратсионӣ дар фазои АвруОсиёро ба нақша гирифтаанд.