https://sputnik.tj/20210524/matvienko-shikastan-koronavirus-1039696168.html
Матвиенко ягона роҳи шикастани коронавирусро гуфт
Матвиенко ягона роҳи шикастани коронавирусро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко даъват намуд, ки дар мавриди аҳамияти ваксин алайҳи маризии коронавирус ҳар чӣ бештар бояд корҳои таблиғотӣ гузаронида шавад
2021-05-24T15:00+0500
2021-05-24T15:00+0500
2021-08-10T17:02+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
валентина матвиенко
эмгузаронӣ
дар русия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/19/1032341019_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_b86a11b6892a96c4e90462ba1b743d14.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко даъват намуд, ки дар мавриди аҳамияти ваксин алайҳи маризии коронавирус ҳар чӣ бештар бояд корҳои таблиғотӣ гузаронида шавад, менависад РИА новости.Ба гуфтаи Матвиенко, ҳоло пешгирӣ кардан аз мавҷи сеюми пандемия дар дасти худи шаҳрвандон аст.Матвиенко инчунин ба он таъкид намуд, ки ҳоло мардум аз мавҷи сеюми коронавирус нигаронанд ва фаро расидан ва ё нарасидани онро бисёр мепурсанд.Ӯ мегӯяд, ҳамагон бояд дарк кунанд, ки фаро расидан ва ё нарасидани мавҷ танҳо аз худи шаҳрвандон вобаста аст."Дар минтақаҳо ваксинаи кофӣ мавҷуд аст. Инро табибон ба ман тасдиқ намуданд. Ҳеҷ мушкиле бо мавҷудияти ваксина дар минтақаҳо вуҷуд надорад, танҳо лозим аст, ки худи шаҳрвандон масъулиятро барои саломатии худ, саломатии наздиконашон ва дар маҷмӯъ, барои вазъи кишвар дарк кунанд", - гуфтааст сиёсатмадори рус.Валентина Матвиенко, Кузбасро минтақаи пешсаф дар ваксингирии сокинон миёни дигар минтақаҳои Русия арзёбӣ кард.Ӯ гуфт, ҳоло 260 ҳазор сокини ин минтақа алайҳи коронавирус эм гирифтаанд.Дар Русия ҳоло се навъ ваксини сохти ватанӣ алайҳи вируси COVID - 19 дар муомилот аст ва доираи хоҳишмандони ваксингирӣ низ кам нест.
https://sputnik.tj/20210418/rusiya-koronavirus-immunolog-1038564646.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/19/1032341019_198:0:1638:1080_1920x0_80_0_0_b8f09c36935323acfe257d07e464063a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
русия, валентина матвиенко, коронавирус, ваксин, эм
русия, валентина матвиенко, коронавирус, ваксин, эм
Матвиенко ягона роҳи шикастани коронавирусро гуфт
15:00 24.05.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Валентина Матвиенко изҳор дошт, ки пешгирии мавҷи сеюми пандемия аз худи шаҳрвандон вобаста аст
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко даъват намуд, ки дар мавриди аҳамияти ваксин алайҳи маризии коронавирус ҳар чӣ бештар бояд корҳои таблиғотӣ гузаронида шавад, менависад РИА новости.
Ба гуфтаи Матвиенко, ҳоло пешгирӣ кардан аз мавҷи сеюми пандемия дар дасти худи шаҳрвандон аст.
"Ҳоло танҳо як чиз ҳаст тарғиб кардан ва ба мардум фаҳмонидан, ки ягона роҳи шикаст додани вируси мазкур, ба даст овардани масунияти оммавӣ мебошад", - таъкид намудааст ӯ.
Матвиенко инчунин ба он таъкид намуд, ки ҳоло мардум аз мавҷи сеюми коронавирус нигаронанд ва фаро расидан ва ё нарасидани онро бисёр мепурсанд.
Ӯ мегӯяд, ҳамагон бояд дарк кунанд, ки фаро расидан ва ё нарасидани мавҷ танҳо аз худи шаҳрвандон вобаста аст.
"Дар минтақаҳо ваксинаи кофӣ мавҷуд аст. Инро табибон ба ман тасдиқ намуданд. Ҳеҷ мушкиле бо мавҷудияти ваксина дар минтақаҳо вуҷуд надорад, танҳо лозим аст, ки худи шаҳрвандон масъулиятро барои саломатии худ, саломатии наздиконашон ва дар маҷмӯъ, барои вазъи кишвар дарк кунанд", - гуфтааст сиёсатмадори рус.
Валентина Матвиенко, Кузбасро минтақаи пешсаф дар ваксингирии сокинон миёни дигар минтақаҳои Русия арзёбӣ кард.
Ӯ гуфт, ҳоло 260 ҳазор сокини ин минтақа алайҳи коронавирус эм гирифтаанд.
Дар Русия ҳоло се навъ ваксини сохти ватанӣ алайҳи вируси COVID - 19 дар муомилот аст ва доираи хоҳишмандони ваксингирӣ низ кам нест.