Кумаки дипломатҳои тоҷик ба оилаҳои осебдида дар Кӯлоб

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото
Здание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз кумаки дипломатҳои ҷумҳурӣ ба оилаҳои осебдида дар шаҳри Кӯлоб хабар дод
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik Ёрии кормандони низоми хизмати дипломатӣ ба 30 оилаи аз офати табиӣ осебдидаи шаҳри Кӯлоб расонда шуд, хабар дод Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, кумакпулии кормандони низоми дипломатӣ охири ҳафтаи гузашта ба осебдидагон расонда шуд.
Феълан дар Тоҷикистон маъракаи хайри маблағ барои осебдидагон аз офатҳои табиӣ дар шаҳру навоҳии Хатлон идома дорад.
Ахиран ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон ва хизматчиёни давлатии дастгоҳи ин мақоми олии қонунбарор маоши панҷрӯзаашонро ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳру навоҳии Кӯлоб фиристоданд. Гуфта мешавад, ин маблағ барои бунёди ду хонаи нав кифоят мекунад.
Сели мудҳиш ва пайомадҳои он дар Кӯлоб  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Донишгоҳи Кӯлоб барои як сокини аз сел зарардида, манзил месозад
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 11 май дар пайи боронгариҳои шадид як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, аз ҷумла Кӯлоб аз сел осеб диданд.
Мувофиқи маълумоти КҲФ, дар паи фаромадани сел дар вилояти Хатлон 8 кас ҷони худро аз даст дода, як ҳолати дигари марг бар асари офати табиӣ дар шаҳри Ҳисор ба қайд гирифта шуд.
Ҳамин тавр, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрвандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷрои селоба пайдо карда шуд.
Дар баробари талафоти ҷонӣ, селоба кӯчаю хонаҳоро зер карда, ба бисёре аз киштзорҳо осеб расонд.
Лентаи хабарҳо
0