Амрико пойгоҳи низомияшро дар Туркманистон мустақар мекунад

CC BY 2.0 / The U.S. Army / Decisive ActionАмериканские военные, архивное фото
Американские военные, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Обуна шудан
Амрико, ки қаблан мехост пойгоҳи низомияшро дар Тоҷикистон ва ё Ӯзбекистон мустақар кунад, ҳоло тасмимашро дигар намуда, азм додар пойгоҳашро дар Туркманистон ҷой диҳад
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Пентагон буҷа барои сохти таъсисоти низомии Амрико дар Туркманистонро ихтисос хоҳад дод, менависад "Парс тудей" бо истинод ба "Раша тудей".
Ба иттилои манбаъ, Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қасд дорад, 240 миллион доллар барои сохти таъсисоти низомӣ дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Туркманистон ихтисос диҳад.
Военнослужащие США на учениях, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Ин ғайриимкон аст: Кобулов дар бораи ҷойгирсозии сарбозони амрикоӣ дар Тоҷикистон
Ин дар ҳолест, ки давлати Туркманистон дар барномаҳои худ барои истиқрори таъсисоти низомии Амрико гузорише ироа накарда ва Ашқобод расман дар ин маврид тавзеҳе надодааст.
Қаблан Амрико эълон намуда буд, ки пойгоҳи худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва ё Қирғизистон ҷой медиҳад.
Ахиран гумонзаниҳое дар бораи интиқоли низомиёни амрикоӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла, Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон матраҳ шудааст, аммо то кунун мақомоти кишварҳои мазкур ё ин мавзуъро рад карда ва ё расман изҳори назаре дар бораи он накардаанд.
Лентаи хабарҳо
0