https://sputnik.tj/20210523/kafkubiho-emomali-rahmon-hushqadam-husravov-1039685366.html
Кафкӯбиҳои Эмомалӣ Раҳмон ба Хушқадам Хусравов: Президент ба ӯ суоли аҷиб дод - видео
Кафкӯбиҳои Эмомалӣ Раҳмон ба Хушқадам Хусравов: Президент ба ӯ суоли аҷиб дод - видео
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи мулоқоташ бо ҷавонон, ки ба муносибати Рӯзи ҷавонон сурат гирифт аз қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Хушқадам Хусравов суоли... 23.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-23T20:36+0500
2021-05-23T20:36+0500
2021-05-23T20:51+0500
эмомалӣ раҳмон
хушқадам хусравов
самбо
қаҳрамони ҷаҳон
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
рӯзи ҷавонон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/15/1039646985_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_b3253cb7cf1139ccf6402c3005b89f54.jpg
ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Ҳангоме, ки варзишкори тоҷик Хушқадам Хусравов худро ҳамчун қаҳрамони ҷаҳон муаррифӣ мекард, Президент ба ӯ кафкӯбӣ кард.Хушқадам Хусравов дар суҳбаташ аз даврони истиқлол гуфту изҳор дошт, ки имрӯз барои рушди варзиш дар Тоҷикистон ҳамаи шароит муҳайё аст."Соли таваллудат чанд аст, - пурсид президент. 1993 - посух дод Хусравов ва раисиҷумҳур бо қаноатмандӣ гуфт, зодаи замони истиқлол.Дар идомаи суҳбат президент пурсид, ки оё барои тамрини бадан шароит ҳаст ва оё ягон мушкилие вуҷуд дорад.Ба ин суол Хушқадам гуфт, ҳамаи шароит муҳайёст ва ягон мушкилӣ дар ин ҷода нест.Сипас раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Хушқадам суоли аҷиб кард.Хусравов гуфт, ҳангоми ба макони ҷоизасупорӣ мебароянд ва таҳти навои суруди миллӣ парчами давлат парафшон мешавад, инсонро як эҳсосте фаро мегирад, ки онро худи варзишгар дарк мекунаду халос.Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суҳбат гуфт, на ҳамаи варзишкорон метавонанд ба чунин дастовардҳо ноил гарданд, аз ин рӯ Хушқадам бояд шогирд омода кунад ва мактаби варзишии худро кушояд.Хушқадам Хусравов соли 2018 дар чемпионати ҷаҳон, ки дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест баргузор гардида буд, ҳам медали тилло ва ҳам унвони чемпиони ҷаҳон ба даст оварда буд. Ин варзишгари шинохтаи тоҷик дар таърихи Тоҷикистон сеюмин чемпиони ҷаҳон оид ба самбо гардид.Ҳамин тавр, Хушқадам Хусравов қаҳрамони дукарати ҷаҳон ва чемпиони панҷкараи Осиё оид ба самбо мебошад.
https://sputnik.tj/20191110/Khusravov-qahramonii-jahon-1030193159.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/15/1039646985_346:0:3077:2048_1920x0_80_0_0_127e1bd8a1fde829a5176bae20a93fbe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, хушқадам хусравов, рӯзи ҷавонон
эмомалӣ раҳмон, хушқадам хусравов, рӯзи ҷавонон
Кафкӯбиҳои Эмомалӣ Раҳмон ба Хушқадам Хусравов: Президент ба ӯ суоли аҷиб дод - видео
20:36 23.05.2021 (Навсозишуда: 20:51 23.05.2021) Президенти Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи мулоқоташ бо ҷавонон, ки ба муносибати Рӯзи ҷавонон сурат гирифт аз қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Хушқадам Хусравов суоли аҷиб пурсид
ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Ҳангоме, ки варзишкори тоҷик Хушқадам Хусравов худро ҳамчун қаҳрамони ҷаҳон муаррифӣ мекард, Президент ба ӯ кафкӯбӣ кард.
Хушқадам Хусравов дар суҳбаташ аз даврони истиқлол гуфту изҳор дошт, ки имрӯз барои рушди варзиш дар Тоҷикистон ҳамаи шароит муҳайё аст.
"Соли таваллудат чанд аст, - пурсид президент. 1993 - посух дод Хусравов ва раисиҷумҳур бо қаноатмандӣ гуфт, зодаи замони истиқлол.
Дар идомаи суҳбат президент пурсид, ки оё барои тамрини бадан шароит ҳаст ва оё ягон мушкилие вуҷуд дорад.
Ба ин суол Хушқадам гуфт, ҳамаи шароит муҳайёст ва ягон мушкилӣ дар ин ҷода нест.
Сипас раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Хушқадам суоли аҷиб кард.
"Як чизро ба ман бигӯ, ҳар вақте, ки ба шарофати шумо парчами давлатро боло мебардоранд, чӣ эҳсосот шуморо зер мекунад, ашк рехт аз чашмонатон ё не", - суол дод раисиҷумҳур.
Хусравов гуфт, ҳангоми ба макони ҷоизасупорӣ мебароянд ва таҳти навои суруди миллӣ парчами давлат парафшон мешавад, инсонро як эҳсосте фаро мегирад, ки онро худи варзишгар дарк мекунаду халос.
Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суҳбат гуфт, на ҳамаи варзишкорон метавонанд ба чунин дастовардҳо ноил гарданд, аз ин рӯ Хушқадам бояд шогирд омода кунад ва мактаби варзишии худро кушояд.
Хушқадам Хусравов соли 2018 дар чемпионати ҷаҳон, ки дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест баргузор гардида буд, ҳам медали тилло ва ҳам унвони чемпиони ҷаҳон ба даст оварда буд.
Ин варзишгари шинохтаи тоҷик дар таърихи Тоҷикистон сеюмин чемпиони ҷаҳон оид ба самбо гардид.
Ҳамин тавр, Хушқадам Хусравов қаҳрамони дукарати ҷаҳон ва чемпиони панҷкараи Осиё оид ба самбо мебошад.