Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Италия, Испания ва Словения дар Евровидение - 2021 ба Манижа "овоз" медиҳанд

© AFP 2023 / SANDER KONINGРоссиянка Манижа на Евровидение-2021
Россиянка Манижа на Евровидение-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Обуна шудан
"Ту аллакай пирӯз ҳастӣ", "ту беҳтаринӣ", "мо ба ту овоз медиҳем" - навиштаанд мухлисони урупоии Манижа Сангин
ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Намояндагони кишварҳои Урупо зери акси Манижа Сангин - зодаи Тоҷикистон ва намояндаи Русия дар Евровидение - 2021, дар саҳифааш дар Instagram навиштаанд, ик ӯро дастгирӣ мекунанд ва омодаанд ба тарафдориаш овоз диҳанд.
Ҳамин тавр сокинони Италия, Испания, Словения мегӯянд ба тарафдории Манижа овоз медиҳанд.
"Овози ман аз Италия барои ту ҳаст!!! Ба ҳамаи дӯстонам мегӯям, ки ба тарафдории ту овоз диҳанд", - навиштааст корбар io_vikuly.
"Овоз аз Словения", - навиштааст anastasia_bashkurova.
"Аз Испания овоз барои ту", - навиштааст victosha78.
Мухлисон аз Русия, ки ҳаққи овоздиҳӣ ба Манижаро надоранд, низ ҳунарнамоии овозхони тоҷикро хуб арзёбӣ карда ӯро ғолиби Евровидение хондаанд.
"Офарин Манижа, бо ту ва ҳунарнамоият фахр мекунам", - навиштааст adelinapoduvaltseva.
"Ту беҳтаринӣ! Сурудат супер. Ҳамааш хуб мешавад. Русия ба пеш!", - навиштааст samsonikkirill.
"Ман бо шодии бузург овоз медодам, вале Руссия ҳаққи овоздиҳӣ ба туро надорад", - навиштааст kotolvitsatigritsa22.
Ёдрас мешавем, ки Манижа пас аз ҳунарнамоӣ дар даври ниҳоии озмуни Евровидение - 2021 аз мухлисонаш даъват кард, ки ба тарафдории ӯ овоз диҳанд.
Манижа в финале Евровидения - 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа бо суруди Russian Woman дар финали Евровидение Урупоро ба "по" хезонд - видео
"Илтимос! Ба мо овоз диҳед! Рақами мо 5 !!! Биёед тағйирот мекунем, барои он, ки мо худ тағйирот ҳастем!!", - гуфт Манижа дар саҳифааш дар Instagram.
Манижа дар даври ниҳоии Евровидение - 2021 бо баромади ҷаззобу фавқулода Манижа доварон ва тамошобинонро тасхир намуд.
Дар даври финалии ҷашнвораи мусиқии Евровидение - 2021 зодаи Тоҷикистон дар тан пироҳани калони чархдор дошт, ки аз пораи матоҳое, ки ҳаводорони ӯ аз тамоми гӯшаи Русия барои омода намудани ин либос ирсол намуданд, дӯхта шудааст. Ба ҷузъ аз пироҳани ғайриоддӣ Манижа дар сар рӯймоли калон бастааст.
Россиянка Манижа выступает во время первого полуфинала 65-го конкурса Евровидение-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Даъвати Манижа аз мухлисон барои овоздиҳӣ ба ӯ: "биёед тағйирот кунем"
Зимни баромад, Манижа ин пироҳани калонро мекашад ва дар либоси сурх бо навиштаҷоти Зани рус мемонад.
Матни суруде, ки бо он Манижа Русияро дар Евровидение муарифӣ мекунад. моли худи ӯст.
Мусиқии ин суруд дар ҳамдастӣ бо оҳангсозони исроилӣ Ори авни ва Ори Каплан омода шудааст.Омодагии Манижа ба озмуни Евровидение аз моҳи март шурӯъ шуд ва нахустин тамрини ӯ дар Роттердам авоили моҳи ҷорӣ сурат гирифт.
Назарсанҷӣ
Манижа дар Евровидение ҷои чандум мегирад?
Лентаи хабарҳо
0